МУҲИДДИН КАБИРӢ БА АЪМОЛИ ТЕРРОРИСТИАШ ДАР НАЗДИ ҚОНУН ВА МИЛЛАТИ ТОҶИК ҶАВОБ ХОҲАД ГУФТ!

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд. Дар робита ба ин бояд ёдовар шуд, ки оғози солҳои навадум бо саҳнаи сиёсӣ ворид шудани ҲНИ оқибат аз касолату касофатзадагии наҳзатиён ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт. Ин воқеатро бахусус насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТТЭ ҲНИ даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Даъвоҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.

Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ТТЭ ҲНИ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, хурофапарварӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарешӣ, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ… Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Муҳри кофар задан ва бо ин ҳарфи носазо тавҳину таҳқир ва ба марг маҳкум кардани касони мухолиф, ки аз ҷумлаи мусулмонон буданд, дар байни авомунносе, ки таҳти таъсири бевоситаи муштариёни шумо қарор доштанд, дар ибтидои солҳои навад муд шуда буд ва қисмати зиёди мардуми камсавод аз шиорҳои зиддиинсонии воизону муллоҳои нуфузманди ТЭТ ҲНИ ба ваҷд омада, орзуи қатли ҳамватанон, хешу ақрабои худро, ки дар либоси дигарандешӣ бадар омада буданд, дар дил мепарвариданд. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд.Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризоияти иҷтимоӣ тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни он ба вуқуъпайвастаро бахшиданд ва ин ҳизбро дубора ба таври расмӣ иҷозат доданд. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТТЭ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сӯистифода намуда, ахиран  даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст. Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯи мақомоти зиддахли давлатӣ боздошт шуданд. Мунтаҳо, ТТЭ ҲНИ ба созмони террористӣ ва экстремистӣ бадал карда, миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТТЭ ҲНИ ба «иқдом»-и навбатӣ – омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ даст зада, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва ради маърака шуд. Амалҳои террористии содирнамудаи сарони ин ҳизб собит намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад. Ҳадафҳои зикршуда назди мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ошкор шуда, сабаби баста шудани ин ҳизб гардиданд. Баста шудани ҳизб бо назардошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва даст ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористи дошта задани раёсати ин ҳизб махсусан дар шахсияти Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамчунин берун шудан аз доираи низомномаи ҳизб бо дархости Прокуратураи Ҷумҳурии ТТЭ ҲНИ ҳизби террористӣ эълон шуд. Баста шудани ТТЭ ҲНИ, пеш аз ҳама, ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва хостори бо тариқи зӯрӣ сарнагун намудани ҳокимият шудаанд, иртибот дорад. Вале роҳбари ин ҳизб  Кабирӣ мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард ва акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ пӯшиши молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро буғранҷ кунад ва ҳамчун як муҳра бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд.

Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад худро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Бояд ёдовар шуд, ки чиноятҳои содирнамудаи наҳзатиён,аз ҷумла Кабирӣ дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” бори дигар бо далелҳои раднашаванда аёну тасдиқи худро ёфтааст. Дар урфият мегӯянд,ки офтобро бо доман пушида намешавад ва вақт довар аст! Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем,ки ба хотири ҳифзи  сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

ҲОМИДОВА М.К.,

ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *