СУХАНОНИ КАБИРИ ПУЧ ВА БЕАСОС АСТ!!!

Дар суханронии Кабирӣ қайд карда шудааст, ки «ТТЭ ҲНИ то ин замон “машғули корҳои ташкилӣ” буданд. “Тўли ин се сол, баъди он ҳодисаи фоҷеъабор Наҳзати исломӣ ниёз ба як фурсате доштем то худро бозсозӣ кунем ва дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем, ки чӣ гуна дар он метавонем фаъолият кунем ва барои ояндаи кишвар чӣ барнома дорем.

Сўхбати мустақими собиқ роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ҳамакнун Паймони миллии Тоҷикистон Муьиддин Кабирӣ, ки дар хориҷи кишвар тариқи фейсбук ва ютуб ба вуқуъ пайвастааст, ба мисли пештара пур аз суханони пуч, иғво мебошад.  Дар сўҳбати худ роҳбари Паймони миллӣ иброз доштааст, ки «Бузургтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли миллатро надуздад»  ба тавсияи худ Кабирӣ оё ҷавоб дода метавониста бошад, ки маблағҳо барои табаддулоти давлатӣ аз куҷо дастрас шуда бошад, зиндагӣ ва таҳсили фарзандон дар хориҷи кишвар аз куҷо дарёфт шуда бошад ва боз саволҳои дигар. Дар сўҳбати худ роҳбари Паймони миллӣ иброз доштааст, ки «Бузургтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли миллатро надуздад»  ба тавсияи худ Кабирӣ оё ҷавоб дода метавониста бошад, ки маблағҳо барои табаддулоти давлатӣ аз куҷо дастрас шуда бошад, зиндагӣ ва таҳсили фарзандон дар хориҷи кишвар аз куҷо дарёфт шуда бошад ва боз саволҳои дигар.

 Суханони М.Кабирӣ  аз он шаҳодат медиҳанд, ки то ба имрўз низ ин шахсиятҳои ба ном ғамхори миллат аз нақшаю ниятҳои нопоки худ даст накашидаанд ва боз чи гуна «корҳои ташкилӣ» «бозсозӣ», кадом мубориза ва бо кадом мақсадҳо омода карда истодаанд. Кабири ин қадар худатро ширин нишон надиҳед. Зеро тамоми мардуми миллат медонад, ки наҳзатиҳо то чӣ андоза “фарҳангдӯсту фарҳангсолор” ҳастанд. Маҳз барои ҳамин сари наҳзатиҳои фиребкор ва бадахлоқ эътимод намекунанд. Аз назари Кабирӣ давлатдории моро идоракунандагон гӯё ба масхара мубаддал карда бошанд.

Аҷабо ба тӯҳматбофиҳои наҳзатиҳо кӣ бовар мекарда бошад. Зеро мардум дар фазои ободу озод, дар сарзамини муқаддас, ҳаёти орому ободро ба сар мебаранд. Ва ҳамеша иброз менамоянд, ки тамоми мардум пайрави Пешвои миллатанд. Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин меҳан кору фаъолият мекунем.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *