Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Бо назардошти руйдодҳои солхои охир оид ба масоили вазъи сиёсии чахони имрӯзаро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, кайд кардан бамаврид аст, ки бештар амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии аъзоёни Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом (ҲНИ) ба назар мерасанд. Тарафдорони ин ҳизби мамнӯъшуда зимни фаъолияти қаблиашон худро ба Ислом мепайвастанд, аз номи Ислом ҳарф мезаданд, то мавқеи хешро бо истифода аз номи дини мубини Ислом дар ҷомеа пайдо намоянд. Вокеан, дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад.
Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад. Имрӯзҳо беш аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта, ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
Фаъолияти ғаразноки ҳизби мазкур аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тундрав шомил шуданд. Бо даъвати худ онҳо бо кӯмаки хоҷагони хориҷӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристоданд. Онҳо бо ҳама гуна роҳҳо фирефтагони хешро ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияю Ироқ сафарбар намуданд, ки дар натиҷа садҳо кӯдакон бепадару модар монда, ҳазорон оиларо аз байн рабуданд.