Дар марҳилаҳои рушди тамаддуни инсонӣ дин ҳамчун омили асосии ҷаҳонбинӣ ва муайянкунандаи тарзи ҳаёти одамон ба ҳисоб мерафт. Агар ба таърих назар афканем, мушоҳида хоҳем кард, ки ҳанӯз ҳасорсолаҳо муқаддам дин дар ҷомеа зуҳур ёфт ва ҳамчун василаи эътиқод ба офаридгор, пеш аз ҳама, барои инсоният таҳаммулпазириро талқин кард. Яъне ҳар як дин имону эътиқодро ба Офаридгор инъикос менамоянд. Бо ибораи дигар ҳамаи онҳое, ки эътиқоди динӣ доранд, кӯшиш ба ҳарҷ медиҳанд, то ба қонун ва қоидаҳои динӣ амал намояд. Мутассифона дар ҷамъият гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки динро бо тарзи дигар талқин намуда, барои мақсадҳои ғализи худ истифода мебаранд.
Пас аз пош хўрдани Иттифоқи Шўравӣ амсоли дигар кишварҳои собиқ сотсиалистӣ дар Тоҷикистон низ васеъ паҳншавии иқдом ва ҳадафҳои динӣ бу мушоҳида расида, дар ҳама гўшаю канори Ҷумҳурии Тоҷикистон барқароршавӣ ва сохтани масчидҳои нав ё бо тарзи ҳашар, ё бо кўмаки сарпарастони дохилӣ ва ё хориҷӣ хеле зиёд шуд. Эҳтиром ва эътиқоди халқи мўъмину мусулмони ҷумҳурии азизамон нисбати мазҳаби ҳанафӣ ва дини мубини ислом дучанд афзуд. Бо вуҷуди ин, ҳоло таъсири сохти кӯҳна аз байн нарафта буд ва ин омил боис гардид, ки бархе аз мардуми ифротгарову размҷӯй динро ҳамчун фишанги таъсиррасонӣ истифода баранд. Дар натиҷа дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломӣ ташкил ёфт, ки имону эътиқод, соддадил ва поквиҷдонии мардуми кишвари азизамонро оҳиста – оҳиста суистеъмол ва поймол кард.
Умуман, пайдоиши ҳизбҳои динӣ ба сиёсати кишварҳо на он қадар таъсири мусбӣ дорад, зеро як маслакро бо сиёсат омехта кардан, пеш аз ҳама, ниятҳои ғаразноки ягон гурўҳи одамонро баҳри ба даст овардани ҳокимият маънидод мекунад. Магар таълимоти адён, хосатан дини ислом чунин амалро талқин мекунад? Ҳаргиз! Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба монанди ҲНИТ ташкилотҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки ниятҳои ғаразнок доштанд ва доранд, хеле зиёданд. Аксарияти онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ташкилотҳои сиёсии экстремистӣ ва террористӣ маҳкум карда шудааст. Масалан, ба чунин ташкилотҳои ифротӣ: «Ҳизб-ут-таҳрир-ал-Исломӣ», «Бародарони мусалмон», «Салафия», «Хизбуллоҳ», «Ҳамос», «Ал-Ислоҳ», «Ҳизби эҳёшавӣ», «Ал-Қоида», «Ҳизби адолат ва рушд», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ)» ва ғайраҳо шомиланд.
Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар боло қайд гардидааст, дини мубини исломро ҳамчун аслиҳаи асосии худ истифода бурда, ба мақом, нуфуз, покӣ, адолату инсондўстӣ, маорифпарварии дини мубини ислом осеб мерасонанд. Ҳаммаслакони ин ҳизбу ҳаракатҳои иғвоангез, ба монанди ҲНИТ ва дигарон бехабаранд, ки онҳо дар байни ҷомеа танҳо ном, мавқеъ ва хусусиятҳои гуманистии худро гум мекунанд.
Боиси қайд аст, ки дар замони муосир Тоҷикистон дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, дар ҷумҳурӣ ҳар як шахс озодии пайравӣ ба ягон динро дорад, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Чунин ҳолат водор месозад, ки дар чаҳорчўбаи рушди илмҳои дунявӣ диққати хоса додан ба рушди илмҳои динӣ низ зарур аст. Ин омил боис мегардад, ки ҳар як шахс ба дин баҳои индивидуалӣ ва холисона диҳад. Дар чунин фазо, бешубҳа, ҳар як шаҳрванд ниятҳои бадхоҳонаи равияҳои радикалии исломие, ки дини мубини исломро бо ифротгароӣ меолонад, баҳои объективӣ дода метавонад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки қаблан унсурҳои бегонапарастӣ ва ниятҳои бадхоҳонаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аниқ инъикос нагардида буд. Бо рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва авҷ гирифтани иқдоми созандагӣ дар ҷомеаи мо ниятҳои бадҳоҳонаи ҳизби мазкур ба ҷомеа аён гашт. Чунки онҳо бо кӯтоҳандешии худ намехостанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот ва ҳадафҳои созандагӣ ҳукмфармо бошад.
ҲНИТ ва ҳаммаслакони он аз рўзи аввали барҳамхўрии низоми давлатдории сотсиалистӣ тарғибу ташвиқоти худро оид ба вайрон кардани тинҷиву амонии кишварҳо ва забти ҳокимият оғоз карданд. Асосан, мақсади асосии чунин ҳизбу ҳаракатҳо ноамниву ҷанг ва манфиатхоҳӣ ба шумор меравад. Масалан, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ҳодисаҳои Фарғона ва Андиҷон дар Ўзбекистон, ҳолатҳои ҷангӣ дар вилоятҳои Бодканду Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷанги давраи якум ва дуввум дар Чеченистони Русия ва ғайраҳо аз ҳодисоте маҳсуб мегарданд, ки фикрҳои болоро тақвият мебахшад. Дар ҳамаи ин нооромиҳо террористон ва экстремистони ҳизбҳои сиёсии исломӣ даст доштанд.
Набояд нисбати аъмоли чунин гурӯҳҳо бетараф буд, зеро таҳдидҳо ба ҳаёти тинҷу осоиштаи кишвари мо низ, аз ҷониби ин ташкилотҳои нопок, ғализ ва ниятҳои баддошта, амсоли ҲНИТ, ДИИШ, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ғайраҳо вуҷуд дорад. Бинобар ин, мардуми воқеан созанда, сулҳҷӯй, меҳмоннавоз ва гиромии Ватани азизамонро лозим аст, то бо тамоми ҳастӣ ва восита бо ин ҷангҷӯёни худобехабар мубориза баранд.
РИЗОҚУЛОВ Т. Р,
профессори ДИС ДДТТ