СУХАНҲОИ МУБОЛИҒАОМЕЗИ ХОИНОНИ КИШВАРРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Имрўзҳо яке аз хоини кишвар Муҳаммадиқболи Садриддин дар давраи хуруҷи бемории сироятии короновирус-“COVID-19” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ба ҷои тасаллӣ додани мардум бараъкс бо суханҳои муболиғаомезаш дастоварду пешравиҳои кишварро нодида гирифта, нисбати фаъолияти роҳбарони давлату ҳукумат шўру ғавғои беасос бардошта, бо ин васила ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохтан кўшиш менамояд. Муҳаммадиқоли зархарид дини мубини исломро барои худ сипар нишон дода, барои рохандозӣ кардани ҳамаи нақшахои палидонаи худ аз хеҷ кори сиёҳашон даст намекашад.

Вақт довар аст, ки Муҳаммадиқбол нисбати давлату мардуми тоҷик бисёр хиёнат кардааст ва оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҳатман рўзе мисли зани хиёнатпеша аз хоҷагони хориҷиаш талоқ ҳам хоҳад гирифт!

Хулоса, ҳодисаҳои гузашта моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзатиёни “бунёдгаро» ва хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем.

Дар интиҳои мақолаи худ суханҳои муболиғаомези хоини миллат- Муҳаммадиқболи Садридинро шадидан маҳкум намуда, таъкидан гуфтаниям, ки ў набояд аз минбарҳо садо баланд кунад, чунки ў ватанфурўшу бешараф аст.Обрую эътибори кишавари моро дар арсаи байналмилалӣ нарезонад!

БОЙМУРОДОВ Л., ассистенти кафедраи
математекаи олӣ ва технологиҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *