Изҳороти кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқи ДИС ДДТТ доир ба баромадҳои хоини миллат Муҳамадиқболи Сдриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир”(аз 4 августи 2021)

Изҳороти

кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқи ДИС ДДТТ доир  ба баромадҳои хоини миллат Муҳамадиқболи Сдриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир”(аз 4 августи 2021)

Мо кормандони шуъба, санаи 4 августи соли равон тариқи шабақаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ “Минбари муҳоҷир” баромади хоини миллат Муҳаммадиқболи Садридинро дидаю шунида, нисбати суханҳои иғвоангезонааш ибрози андеша менамоем.  Муҳаммадиқбол чун баромадҳои қаблиаш худро “уламои дин”шуморида, нисбати сиёсати имрўза ва фаъолияти роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлолу соҳибихтиёрамон, инчунин ин навбат нисбати раисони вилоятҳо амали бадгўӣро пеша намуд. Баромадҳои ифротии М.Садриддину роҳбараш Кабирӣ, ки айни ҳол бо номи созмони  Паймони миллӣ дар Аврупо фаъолият мекунад, собит мекунад, ки имрўз низ  кўшищ доранд, дар шуури наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони кишвар ба доми фиреби ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифротӣ афтода, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд, ки боиси нигаронӣ аст.Чунончӣ, соли ҷорӣ собиқ аъзоёни ҲНИ ва ДИИШ дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Исфара як ҳодисаи террористӣ ва дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат ду сўиқасди террористӣ бояд сурат мегирифт, ки хушбахтона бо зирикии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалҳои  террористӣ пешгирӣ карда шудаанд. Баробари ин бояд қайд кард,ки тибқи маълумоти расонаи хабарӣ дар шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 нафарро бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд, ки 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд. Инчунин  тибқи маълумоти хабарии Deutsche Welle соли ҷорӣ дар Олмон яке аз аъзои гурӯҳи террористӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.Тибқи маълумоти додгоҳи Олмон, маҳкумшуда гуноҳи худро қисман эътироф кардааст ва инчунин аз амалҳои худ пушаймон шуда, иқрор кардааст, ки аз кардааш сахт пушаймон аст. Дар робита ба ин, ба хоинони миллат Муҳамадиқболу Кабирӣ таъкид менамоем, ки аз маълумоти овардашуда хулосаи зарурӣ бароварда, ақалан нисбати он шахсоне, ки дар Аврупо иқомат дошта, ҷиноят содир намудаанд маълумот ва ё “пуштибонӣ” кардашон дар баромадҳояшон чӣ гуфта метавонанд?!!! Бо боваррии комил метавон қайд кард, ки хоинони миллат дар амалҳои худ ягон кореро, ки ба манфиати ҷомеа ҳаст нишон дода наметавонанд, чунки далелҳои воқеӣ надоранд. Баробари ин ба ҳамватанони азизи хеш муроҷиат намуда пурсонем, ки имрӯз барои худ ва ҷомеъа чӣ кореро анҷом додед ва чӣ ниятҳои нек доред. Ва ин саволро аз хоинони миллат Кабирию Муҳаммадиқбол низ пурсон шавед. Он гоҳ ҳақиқати ҳолро мефаҳмед, ки онҳо амали ивғоангезанда доранду ҳеҷ гоҳ нияти нек надоранд ва шояд дар фиреби хоҷагони хориҷӣ афтодаанду пушаймон бошанд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.

Мо кормандони шуъба дар фарҷоми изҳороти хеш ба тамоми мардуми кишвар даъват ба амал меорем, ки бар зидди душманони миллат муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки хоини миллат Муҳаммадиқболи бешараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо иғвоангезву дасисабозиҳояш нисбати кишвари мо сухан гӯяд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *