ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ НАДОНАНД АЙБИ ХУД ДАР ҶАҲОН!

Имрўзҳо душманони миллат, аз ҷумла ашхосе бо номи Ҳусейн Ашўров дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, дигаре афрод бо номи Беҳрўз Тағойзода тариқи барномаи “Садои мардум”, ки имрўз думболи Кабириро гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо садои баланди ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд нисбати давлати мо – Тоҷикистон сухан мегўянд. Воқеан хоинони милат тибқи супориши ҳочагонашон бо навбат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сухан мегуянд, ки аз корашон ҳамеша кофтукоби айби касон аст. Дар робита ба ин шоире, фармудааст :

Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,
Бошад андар ҷустани айби касон.

Бояд ёдовар шуд, ки Беҳрўз Тағойзода санаи 8 августи соли равон дар барномаи зикршуда худро  “сиёсатшинос ”вонамуд карда, тариқи намоиши слайдҳои омоданамудааш оид ба сафарҳои кории роҳбарияти олии кишвар ва баробари ин доир ба фаъолияти президентҳои Иттиҳодияи давлатҳои мустақил, аз қабили Туркманистону Қазоқистон  ва Узбекистон эроди беасос намуда, вобаста ба сиёсати кунуни Президенти Ҷумҳурии Турманистон, Гурбангули Бердимухамедов  андешаи носолим баён кард. Ба андешаи мо нисбати Гурбангули Бердимухамедов ва ё умуман шахсиятҳои сатҳи байналмилалӣ, ҳар фард бо эҳтиёт бояд сухан  гўяд! Набояд фаромўш кард, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ чун давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба таври расмӣ шинохта шудааст. Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи зиёда аз 200 давлати ҷаҳон эътироф карда шуд ва бо 95 давлати дунё муносибатҳои сиёсию иктисодӣ барқарор гардид, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти беш аз 40 ташкилоти байналмилалӣ пазируфта шуд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медихад, ки обрую эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рўз аз рўз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.

Дар фарҷоми мақолаи хеш қайд менамоям, ки суханҳои разилонаи БеҳрузТагойзодаро шадидан маҳкум мекунем ва баромадаш нисбати шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар миқёси байналмилалӣ қобили қабул нест! Хотирррасон мекунем, ки ба сиёсати дохилии ҳар кишвар ҳеч кас ҳаққи баҳо доданро надорад! Бахусус душманони миллат!

АХМЕДОВ М.,
сармуаллими кафедраи метематекаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *