СУХАНҲОИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ М.КАБИРИРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ !

 

Зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, ва даҳшатафканӣ, маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ ва хушунат тавлид мекунанд. Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ  ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг  мефиристанд. Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» тозаю покиза аст, ифроту ҳурофот пур карда мешавад. Азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаи ақидаи бебунёд мешаванд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофот ва мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки бо гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайвайнданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз бесаводию  тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд. Яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ин ТТЭ ҲНИ маҳсуб меёбад. Бояд ёдовар шуд, ки симои ҳақиқии ТТЭ ҲНИ-ро собиқ муассис ва узви фаъоли он Абдураҳим Каримов чунин баён намудааст: «Аслан ҳизб барои ислом бегона аст. Бунёд кардани Ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон, ки қариб сад дар сади сокинони он мусалмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусалмони кишварамон мебошад.» Воқеан бо иқрору тасдиқи шудани ин узви фаъоли собиқ ҲНИ ҳам ба ҳамагон маълум буд, ки мақсади асосии ҲНИ бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки амалҳои номатлуби собиқ аъзоёни ҲНИ-ро  дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» бори дигар аёну исбот шудаанд.

Вале, то ҳол роҳбари собиқ ҲНИ. М.Кабирӣ дар Аврупо истиқомат дошта, ба худ хулосабарорӣ накарда, дар барномаи “Паймони миллӣ..” намоишкорона масъалаҳоро муғризона бозгӯ менамояд ва мақсадаш аён, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Ҳоло хиёнаткор М.Кабирӣ бо ҳар гуна ранг пайдо мешавад ва бо ҳар гуна ранг бозӣ мекунад. Мо чунин нафароин маъюсро сахт маломат карда, ба ӯ лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашро шадидан маҳкум менамоем.

Дар фарҷоми ақидаи хеш қайд менамоем, ки вазифаи асосии мо омӯзгорон ба ҷавонон, ки дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд, баҳри васеъшавии ҷаҳонбинии онҳо ҳамаҷониба мусоидат карда, дар тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоем.

 

АБДУЗУҲУРОВА З.Б.,

ассисенти кафедраи назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *