ОДОБУ АХЛОҚИ ҒАЙРИИНСОНИИ КАБИРӢ БОРИ ДИГАР АЁНУ ИСБОТ ШУД!

 

Ифротгароӣ, ба истилоҳи байналмилалӣ экстремизм маъруф аст ва якҷоя бо терроризм аз қабили зуҳуроти номатлубест, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Айни замон дар кишварҳои мухталиф даҳҳо гуруҳҳои террористию экстремистӣ амал мекунад, ки бо таҳрибкориашон боиси бадбахтии миллионҳо нафар гаштаанд. Ин зоти нопок барои ноил шудан ба мақсади ниятҳои палидона ва касифонаи худ аз ҳеҷ гуна қабоҳат ва ҷаҳолат рӯ наметобад, ҳатто ба тифлакон ва занону пирони барҷомонда ҳам раҳм намекунад. Ҳаводиси солҳои охир дар бархе аз кишварҳо, алалхусус ҳамсояи кишварамон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон рухдода мисоли равшани ин гуфтаҳо ба ҳисоб мераванд.Чунончӣ тибқи маълумоти Муҳаммад Наим Назрӣ, муовини Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон дар як нишасти матбуоти ба муносибати солрӯзи таъсиси ин комиссия эълом кард, ки то моҳи майи соли 2021 бар асари ҳамалоти террористӣ, ҷангу даргирӣ 301 ғайринизомии кушта шуданд, аз ҷумла 20 нафараш зан ва 113 нафари дигар кӯдак мебошад. Инчунин дар ин муддат, 695 ғайринизомии афғон низ захмӣ шуданд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки имрӯз шабакаҳои интернет ва дигар воситаи техникаи замонавӣ барои аксар ҷавонон  дастрасанд ва муболиғони гурӯҳҳои ифротгарию террористӣ аз онҳо ҳеле моҳирона истифода бурда, мағзи сари наврасону ҷавононро бо ғояҳои дурӯғину харобиовар заҳролуд мекунанд. Агар ба таҳлилҳои омори назар афканем дар ҷаҳон 4,5 миллиард истифодабарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд буда 55, 3% -он ҳарӯза ба сомонаи интернети ба шабакаҳои fасеbook ва odnoclassniki ворид мешавад. Дар Тоҷикистон солҳои охир назди 1.6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд.Таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилооти дорои хусусияти ва таблиғкунандаи тероризму экстеремизм низ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардуруӯғ, танқид ва иттилои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба таҳлуқа меандозанд. Масалан чандест, ки дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугуйи бадаҳлоқии раиси собиқ ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабири тариқи созмони экстримистии “Паймони миллӣ…” дар яке аз баромадҳояш бо як бонуе паҳш карда шуда буд, ёдовар мешавем. Воқеан суханҳои қабеҳи Кабирӣ нисбати зан дар ягон қолиб рост намеояд. Умуман ба гӯш кардани гуфтугӯи мазкур аз ҷониби М. Кабирӣ бо як зани тоҷик шахсро ба тааҷҷуб меорад ва лаънату маломаташро нисбати ин марди беномус ва ҳизби ифротиаш боз ҳам баландтар мекунад. Баъдахлоқу шаҳватпараст будани наҳзатиёнро аз филми мустанади “Хиёнат” ва дигар навиштаву гуфтаҳо шунида будем, аммо то ин дараҷа бо лаҳни кабеҳ, суҳанҳои бешармонаву кӯчагӣ, берун аз одобу ахлоқи инсонӣ аз ҷониби як нафар шахсе, ки худро сиёсатмадор, ватандӯсту ҳомии дину диёнат меҳисобад, сӯҳбат карданашро нав шунидем. Аз сӯҳбати Кабирӣ хулосабарорӣ намуда, аз каломи шоир ёдовар мешавем, ки ҳамон ҳақиқати аслиест, гуфтаҳои боло тасдиқ мегардад:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад

 

Воқеан бонуе, ки бо Кабирӣ сӯҳбат намуд, тамоми сиру асрори ӯро фош карда, дар барои пайса ва долларҳое, ки аз ҳоҷагони ҳориҷиаш мегирад, ба чи мақсад ва бештар барои қонеъ кардани талоботҳои ҳайвониву шаҳвониаш сарф мекунад, баён намуд. Инчунин М.Кабирӣ дар баромадҳояш шахсиятҳои баландпоя, аз ҷумла  Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Лукошенко А.- ро бе ягон асос зери эрод гирифт, ки дурӯғгӯӣ ҳам ҳадду канор дорад!

Кабирӣ бо ин сӯҳбати худ ва ба кирдору амалҳояш бори дигар аҳлоқу одоб, сатҳи “маърифат устоди, сарвари”-и худро ифшо намуд. Ин рафтору амали Кабирӣ даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояи ӯро дар бораи масулият, одоб, аҳлоқ, дину диёнат ва дигар “насиҳатҳо ва роҳнамоиҳояш” бори дигар ба мардум, хусусан, ҷавонон собит намуд. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ карда, кайд менамоем, ки имрӯз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин дурӯғгӯӣ, суханҳои қабеҳ нисбати зан, ғайбату тӯҳамат ба назар мерасад. Бинобар ин  ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.

НУРМАТОВА С.Н.,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисод 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *