ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ – ҲИЗБИ ХИЁНАТКОР

Мусаллам аст, ки Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) дар давраи фаъолияташ то моҳи сентябри соли 2015 на ба рушди кишвар, баръакс ҳамчун ҳизби ифротгар, террорист ва хоини ватан худро муаррифӣ намуд. Баъди барҳам додани фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон, роҳбарон ва тарафдоронаш аз гӯшаву канори ҷаҳон бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ кӯшиш доранд, имрӯз ваъи сиёсии кунунии Тоҷикистонро дигаргун намуда, ба ҳадафҳои нопокашон расанд. Яке аз чунин хоинони ватан ба мисоли М. Кабирро гуфта метавонем, ки ӯ имрӯз дар Аврупо қарор дошта, бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷаш аз минбарҳои гуногун баромад карда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлорро нодида гирифта, изҳор дорад, ки гӯё дар Тоҷикистон демократия маҳв карда шудааст, мардум озодона зиндагӣ карда наметавонад. Воқеан наҳзатиҳо бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон иборат аз гурӯҳҳои 2 – 3 нафар, зери номҳои гуногун, вале дар асл ҳамагӣ фармонбардори як хоҷа чун доғи сиёҳ зуҳур карда, бешармона гӯё байни худ ба созиш расида, дар таъсиси боз як гурӯҳи ҷангҷӯ бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»  боз барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам алалхусус М.Кабирӣ ва М.Садриддин баромад карда истодаанд.

Дар интиҳои мақолаи хеш фаъолияти собиқ азъоёни ҲНИ-ҳизби хиёнаткорро маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

 

Абдурашидова М.А.-ассистенти

кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *