Терроризм ва экстремизм амалҳои номатлуб ва хиёнад коронае мебошанд, ки дар тӯли таърихи инсоният дар паҳлуҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти ғаразнокии худро пиёда сохта, бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шудааст. Дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуди ин қабили амалҳо асосан тавассути зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлату миллатҳо – ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯроварии худро нисбати аҳолии осоиштаи кишварҳо ба амал мебароранд.
Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст.
Яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ин ТТЭ ҲНИ маҳсуб меёбад. ташкилоти нахустини Ҳизби наҳзати ислом ҳанӯз соли 1978 ташкил ёфта ба таври пинҳонӣ амал мекард. Маълум гашт, ки мақсади асосии ҳизб бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бинобар он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид намуда, фарқ намудани дини мубини ислом аз ва асосҳои аҳкоми он ки покизагиву беғаразӣ ва инсодустиро талқин менамояд хеле оқилона қайд кардаанд.
Бинобар он, ҳар як шаҳрванди кишварро зарураст, ки барои ба доми мухолифони миллату давлат наафтодан аз зиракии сиёсӣ ва донишҳои замони муосир мусаллаҳ гардида, аз тарғиботҳои ғаразнок ва тундгароии ин тоифа одамон худ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро эмин нигоҳ доранд.
Самадова М,
омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ,
таҳлил ва аудит