БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Имрузхо  аз  ибтидои асри XXI огоз намуда экстремизми динӣ як дигаргунсозии хосеро ба худ гирифт, ки он тавассути Интернет ва шабакахои гуногуни он содир мегардад ва бо ҳар гуна тасвирҳои кинаю адоват, ки он хусусияти экстремизми диниро дорад, паҳн гардида истодааст. Дар айни замон  терроризм ва экстремизм дар соҳаи иттилооти компютерӣ барои хамаи халкхо хеле хавфнок мебошад.

Истилохи экстремизм дар Конвенсияи Шанхай «Дар бораи мубориза бар мукобили терроризм, экстремизм ва сепаратизм» муқаррар гардида буд[1]. Дар ин санади меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ифротгароӣ ҳамчун содир намудани амале, ки он бо зӯроварӣ ғасб намудан  ё нигоҳ доштани ҳокимият бо зӯроварӣ ва тавассути он тағйир додани сохти конститутсионӣ ва инчунин  содир намудани ҷиноятҳои ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла бо ин мақсадҳо ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иштирок дар он (моддаи 185 Кодекси ҷиноятии[2] Ҷумҳурии Тоҷикистон[3]) равона гардидааст, фаҳмида  мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” 8 декабри соли  2003 қабул  гардид[4]. Дар моддаи 3 қонуни номбурда экстремизм ҳамчун изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ дониста мешавад. Аммо дар моддаи  22 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст, ки танҳо шахси воқеии  мукаллаф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синну соли муқаррарнамудаи Кодекс расидааст. Чуноне, ки мебинем моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” ба моддаи 22 КҶ ҶМ мухолифат мекунад. Тибқи моддаи 22 КҶ ҶТ танҳо шахси воқеии  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, хол он, ки дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” субъекти ҷиноятӣ ҳамчун  шахсони ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст. Аз ин рӯ бояд дар моддаи 3  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” тағйирот ворид гардад.

Дар моддаи 3  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” амали экстремистӣ ҳамчун  – фаъолияти вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои иҷрои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд, муқаррар гаштааст:

1) ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;

4) ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

5) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

6) ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст;

7) паст задани шаъни миллӣ;

8) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурӯҳҳои  иҷтимоӣ;

9) даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои  амалҳои номбаршуда;

10) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факсӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият.

Чораҳои пешгирии ҷиноятҳои дар боло зикргардида дар байни ҷавонон бояд дар самтҳои зерин ба амал бароварда  шавад:

– корхои таблиғу таблиғоти қонунгузории ҷиноятӣ дар бораи муқовимат бо экстремизм ва терроризм;

  • пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремизми динӣ дошта бо роҳи ошкор намудани ҷиноят;
  • дуруст банду баст намудани ҷиноятҳое, ки бо экстремизми динӣ тааллуқ доранд;
  • мукамал гардонидани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ;
  • гузаронидани тренинг ва конфронсҳо, мизи мудаввар ва семинарҳо дар байни ҷавонони ҷумҳурӣ доир ба хавфнокии иштирок дар ҷиноятҳои ифротгароӣ;

– таҳия ва интишори тадқиқотҳои илмӣ, тафсири маводҳои итилоотӣ, мақолаҳо дар телевизион ва радио доир ба масалаҳои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм;

– гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон ва тафсири қонунгузории амалкунанда дар соҳаи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм  ва коркарди пешниҳодҳо доир ба мукамал гардониданди қонунгузорӣ дар ин соҳа;

–  ба ташкилотҳо ва шаҳрвандон расонидани хизматрасонии итилоотӣ ва машваратӣ  оид ба масъалаҳои пешгирӣ (профилактика) ва мубориза бар зидди ифротгароӣ;

– таҳлил ва ба роҳ мондани таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оид ба ошкор намудани ҷиноятҳои ифротгароӣ, коркард ва ба роҳ мондани механизми муқовимат бо ифротгароӣ, пешгирии ин ҷиноятҳо.

Дар охир бояд қайд намуд, ки чораҳои пешгирии дар боло зикргардида  ниҳоӣ намебошанд, аммо дар маҷмӯъ амалӣ намудани онҳо метавонад ҷиноятҳои хусусияти экстремизми динидоштаро дар байни ҷавонони Тоҷикистон пешгирӣ намоянд.

 

Нурматова С.Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *