Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувори шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмоммалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон бисёр имкониятҳо ҳам барои таҳсил, ҳам барои кору фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фароҳам оварда шуда истодааст.
Эълон шудани Соли 2017- Соли ҷавонон низ беҳуда набуд. Зеро сарвари давлат ҳамеша ба ҷавонони бонангу номус такя менамоянд. Бояд, ҷавобан ба ин ғамхориҳо, ҷавонон, баҳри ободии диёр ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд, на ин ки ба ҳар гуна гурўҳҳои нохалаф шомил шуда, тақдири худ ва ояндаи миллатро доғдор созанд.
Дар ин замина дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Омилҳои ба ин равияҳо шомил шудани ҷавонон, алалхусус, ҷавонони тоҷик кам нест. Ин ҷо мо якчанд чунин омилҳоеро номбар мекунем, ки метавонанд зуд ба дили нафарони камдонишу ноогоҳ роҳ ёфта, ўро беобурў ва миллатро бадном созанд:
1. Созмон дода шудани як қатор ҳизбу мазҳабҳои ғайридинӣ;
2. Баланд будани сатҳи бекорӣ;
3. Бемасъулиятии волидон дар тарбияи фарзандон;
4. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа;
5. Ҷаҳонбинии кам доштан;
6. Истифодаи ғайрмақсадноки шабакаҳои интернетӣ.
Мутаассифона, ҳазорон нафар ҷавонон ба воситаи интернет ба доми ин бало-шабакаи терористӣ афтода маҳв гаштаанд ва боз мегарданд.
Аз ин лиҳоз, мо омўзгоронро зарур аст, ба ҷавонон, ба донишҷўён оиди мақсадҳои ғаразноки ин ҳизбу ҳаракатхои номатлуб маълумот дода, онҳоро аз ин руйдодҳо хушдор диҳем.
Бояд огоҳ намоем, ки яке аз самтҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ин мазҳабҳо шиносоӣ бо зебосанамони шабакавӣ ва ҷалби духтарон ба сафи ДИИШ. Зебосанамони соҳибҷамол ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ба доми «дурўғини ишқу муҳаббат» афтонида ба коми марг мекашанд. Духтарони танҳоро бошад бо ваъдаи хонадоршавӣ ва зиндагии шоҳона дар мамлакатҳои тараққикарда ба дом меафтонанд. Барои он, ки писарон ва занону духтарони тоҷик гирифтори ин вабои аср нагарданд, моро зарур аст ин роҳҳое, ки барои ҷалби ҷавонон истифода мебаранд, тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои радио ва телевизион, инчунин дигар воситаҳои лозимӣ онҳоро огоҳонем ва ин мушкилотро ҳар чи зудтар то андозае ҳал намоем. Зеро мегўянд: «Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ мебояд».
Ассистенти кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳон Шораҷабова Ш.З.