Имрӯзҳо бархе аз ашхоси иғвоангезу тафриқаандоз, ки дар хориҷи кишвар иқомат дошта, худро «ҳақиқатпарвар» нишон дода, бо дастури хоҷагони хориҷиашон нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд. Чунончӣ, афроде бо номи М. Салимпур имрӯз сомонаи худро иваз карда, онро акнун «Бомдод.ком» номидааст. Мақсади асосии ин гуна сомонаҳои назҳатиёни ифротӣ гумроҳ намудани мардуми осоиштаи кишвари мо равона шуда, барои расидан ба ҳадафи худ мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд. Ба ин гуна иблиссифатон ба мисли М. Салимпур таъкид карда, ёдовар мекунем, ки имрӯз мардумони шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинати огаҳ гардидаанд.Хулоса имруз дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Мирзои Салимпур, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротии М. Салимпур, ки тариқи сомонаи «Бомдод.ком» иғвоангезӣ мекунад, инкору маҳкум менамояд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Бинобар ин ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом дода, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддуну фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишу ғайрати хешро равона хоҳанд намуд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар якҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо комёбии беназир пешвоз хоҳем гирифт.
Боймуродов Л.-ассистенти кафедраи
математекаи олӣ ва технололгияҳои
инноватсионии ДИС ДДТТ