Берун аз Ватан мазҳабфурӯшӣ мекунанд.

       Дар замони мо кӯшиши шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо  созмонҳо ва давлатҳое низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ТТЭ ҲНИ мебошад,ки истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш,  аз ҷумла бо дастгирии хадамоти махсуси Эрон имрӯз ниқоб аз чеҳра барафканда, боз барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи кишвари соҳибистиқлоли мо талошҳои беҳуда меварзад. Бо ирбораи дигар ҷеҳраи манфури пайравони ҳизби назҳат, ба мисоли Кабириву Илҳом ва Сайидюнус Бурҳонов алҳол бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” дар хизмати доираҳои махсуси идеологияи хадамоти махсуси Эрон  қарор доранд, ибрози ақида менамоям.

ТТЭ ҲНИ пас аз паноҳ бурдани ҳайати роҳбарии худ дар ҶИЭ бо ниҳодҳои вижа ва ҳайати раҳбарии ин кишвар ба таври ошкоро ҳамкориро ба роҳ монд, ки ин равобит мутаассифона, то ҳол барқарор аст. Расонаҳои иттилоотии ҶИЭ ба хотири пардапӯш кардани воқеияти фаъолияти муштараки ТТЭ ҲНИ ва ҶИЭ интишор дода мешавад ва ба ҷуз таҳрифи воқеият чизи дигаре нест. Аммо воқеият он аст, ки феълан низ ҶИЭ ТТЭ ҲНИ-ро дастгирӣ мекунад ва ба ин васила барои тафриқаангезиву даргир кардани ҷомеаи мо омода будани худро ошкоро нишон медиҳад. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст,ки  дар натиҷаи аъмоли тундравонаи ТТЭ ҲНИ бо дастгирии ҶИЭ кишвари тозаистиқлоли мо ду даҳсола қабл ба майдони фоҷеабори набарди манфиатҷӯёни дохиливу хориҷӣ табдил шуда буд. Илова бар ин,бояд ёдовар шуд, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзоёни  ҳизб мебошанд, дар мадрасаҳои динии Эрон таҳсил намуда,мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд, ки беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзоёни ҲНИ дар мадрасаҳои динии Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс мехонданд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ  М.Кабирӣ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳониёни шиаён шуд. Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо собит менамояд,ки роҳбарони ТТЭ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо,рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида мардуми шарафманди  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати решакан намудани гурӯҳҳои ифротӣ камари ҳиммат баста, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алии Шерзамонов, Темур Варқию Равшани Темуриён, Ҳаким Раббимпур, Аюб Эгамов, Кабириву Илҳом,Саидюнус Бурҳонов ва дигар хоинону ватанфурӯшони миллату давлат ва сарзамани тоҷикон сухани худро баланд намуда нагузоранд, ки ягон нохалаф бар муқобили давлату миллати мо санги маломат бизанад.

 

                                                               Бобоев.Б.Ё 

                                         мудири шӯъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *