Анҷоми семинарҳо дар доираи лоиҳаи UNICAC барои донишҷӯёни PhD

Мо силсилаи семинарҳоро дар доираи лоиҳаи UNICAC барои донишҷӯёни PhD ба анҷом расондем. Ин вохӯриҳои маҷозӣ дорои шакли мубоҳиса буда, ва бо мавзӯъҳои “How to Manage it All – Student Wellbeing, Time Management and Finalizing Your Studies Effectively” ва “Promoting Academic Writing Skills in English” шуда буд. Ин семинарҳо дар як моҳ 2 маротиба, яъне моҳҳои ноябр ва декабр баргузор шуда, аз ҷониби номзади илмӣ Тиина Викстром (барномаи тадқиқотии фалсафа, санъат ва ҷомеа) баргузор шуд. Аз ин семинар донишҷӯёни ДИС ДДТТ мафҳумҳо ва усулҳои пурарзиши идоракунии вақт, чӣ гуна ба таври самарабахш идора кардани фаъолияти таълимии худ ва нигоҳ доштани некӯаҳволӣ, маслиҳатҳои амалӣ оид ба сохтор, инчунин навиштан ва нашр кардани корҳои таълимӣ   ба худ гирифтанд. Дар охир донишҷӯён моҳирии худро оид ба тарзи корбарии худ нақл ва муҳокима карданд. Пас аз бомуваффақият хатм кардани семинар ба иштирокчиён сертификатҳо дода шуд.

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *