Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо ба пешрафтҳои назаррас мушарраф гардида, сол то сол дастоварду комёбиҳои хешро афзун мегардонад. Ин ҳама пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон аз баракати сулҳу ваҳдат, якдилию якмаромии мардуми сарбаланди кишвар, устодони соҳибном ва ҷавонони саодатманд аст, ки илму маърифат ва донишу заковатро сармашқи фаъолияти худ карда, дар ободию пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Соли 2018 барои аҳли ҷомеаи донишкада соли бобарор, соли дастоварду комёбиҳо ва пур аз фараҳу шодмонӣ маҳсуб мешавад. Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ бо дили софу нияти пок ба таълиму тарбияи шоистаи ҷавонон машғул гардида, дар самтҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Айни замон дар ҷараёни таълим устодон ва донишҷўён аз 600 компютер, 35 тахтаи электронӣ, 96 проектор, дигар таҷҳизоти мултимедӣ ва технологияҳои иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Инчунин, китобхонаи электронӣ бо 50 ҳазор китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ, китобхонаи муқаррарӣ бо зиёда аз 100 ҳазор китобҳои дарсӣ, синфхонаи интернет ва лингафонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажер, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хизмат мерасонанд. Синфхонаи интернетии донишкада бо 50 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҳамаи кафедраҳо бо проекторҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шудаанд, ки барои тариқи инноватсионӣ гузаронидани машғулият имкон фароҳам меоваранд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои Донишкада дар давраи сармо бо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.
Дар сохтори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон се факултет ва 12 кафедра фаъолият намуда, аз теъдоди умумии устодони донишкада, ки 235 нафарро ташкил медиҳанд, 7 доктори илм-профессор ва 75 номзадҳои илм-дотсентон наздик панҷ ҳазор донишҷўёнро таълим медиҳанд.
Дар донишкада ба масъалаи дастгирии донишҷўёни фаъолу эҷодкор низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуда, соли сипаригашта 19 донишҷў, магистр ва аспирантон ба гирифтани идрорпулии Раиси вилояти Суғд мушарраф гаштанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ” 12 нафар, дар олимпиадаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимпиадаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар донишҷўён ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Соли равон, дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8 нафар донишҷўёни пешқадам фаъолона иштирок намуданд.
Дар Маркази таълими забонҳои хориҷӣ омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, хитоӣ ва арабӣ ташкил карда шудааст. Ҳоло дар донишкада 14 гурўҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Чунин тарзи таълим дар сатҳи ҷумҳурӣ танҳо дар Донишкадаи мо ба роҳ монда шудааст, ки ин дастоварди арзанда маҳсуб мешавад.
Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷўён ва магистрон тибқи барномаи ЭРАСМУС+ метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.
Боиси ифтихор аст, ки Донишкада бо шарафёб гардидан ба дастовардҳои мухталиф дар соҳаҳои илм, таълим, тарбия ва варзиш дар муаррифии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда мегузорад. Чунончи, дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада дар мусобиқаҳои умумиҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод ғолиб омада, борҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва Парчами Ватани азизамонро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон парафшон намудааст. Соли равон бошад дастаи ЭНАКТУС-и донишкада бори дигар дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ пирӯз гардида, дар озмуни байналмилалӣ дар ИМА иштирок намуда, шарафи Тоҷикистони азизамонро дифоъ сарбаландона намуд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва оғози нусратбахши Соли нави мелодӣ умедворем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми фарҳангпарвару ободгари кишвари офтобиамон минбаъд низ зиндагии ҳар кадоми мо шоиставу пурсаодат ва бо шодиву сурур мегузарад. Боварии комил дорам, ки Соли нави мелодии 2019-ум барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеа, инчунин ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир мегузорад.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодиро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рўзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.
Директори ДИС ДДТТ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Олимӣ Рауф Латифзода