Чанд моҳ пеш ТТЭ ҲНИ ва бавижа роҳбари он М. Кабирӣ дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чи бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина, эътилофи худро созмон диҳад. Вале бархилофи интизориҳо ва саъю талошҳои чандмоҳаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бархе аз афроду ниҳодҳои мухолиф на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накардаанд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он нишаст, ҳамчунин, таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд. Анҷумани неруҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ, “Гурӯҳи -24” , “Ватандор” ва теъдоди зиёди зиёиёни тоҷикистонии бурунмарзӣ, даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он – Кабириро ҷиҳати таъсиси эътилофи нави гурӯҳҳои мухолифони тоҷик куллан ба эътибор нагирифтанд. Маҳз ҳамин мавқеъгирии устувору мушаххаси онҳо ба “ташаббускорон” –у “бунёдгузорон” –и эътилоф имкон надод, ки ҳадафҳои аз қабл матраҳкардаи худро дар кӯтоҳмуддат ба осонӣ амалӣ намоянд. Аммо, М. Кабирӣ бо вуҷуди дарки ин вазъият ва донистани чунин нуқтазаъфи худ даст аз тасиси эътилоф накашид. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ТТЭ ҲНИ бо вуҷуди иддаоҳои мутантану баландпарвозонаи хеш дар хусуси он ки гуё аксарияти афроди ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз мавқеи ҳизби онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, боз ҳам ба дастгирии дигир гурӯҳҳои мухолиф ниёзманд будани худро ошкоро ба намоиш гузошт?
Эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон” –ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин, мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ иттилое надорад. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо мешавад “Паймони миллӣ” –е таъсис дод, ки он машрӯияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, Парлумони мардумӣ ва 9 миллион нафарро дошта бошад?
Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чи ҳадафи муғризонаеро паёгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак, онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто, аз манфиатҳои милливу давратӣ куллан сарфи назар кардаанд.
Чаро феълан ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон, ки аз рӯи таоруф худро бо мардуми тоҷик бародар мехонанд, моҷароҷӯӣ карда, такрори ҳодисаҳои солҳои 90 -ум и асри гузаштаро дар Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқати аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ, аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.
Ҷалолова Фотима– н.и.ф., муаллимаи
калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ