Сиёсатбозиҳои ТТЭ ҲНИ вобаста ба  бемории сироятии короновируси “COVID-19».

 

Мувофиқи таъкидҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ яке аз тадбирҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” дар баробари риоя намудани гигиенаи шахсӣ, ҳамчунин, то ба эътидол омадани вазъият дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ ва  нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Зеро бемории мазкур , асосан, бо роҳҳои қатрагии ҳавоӣ аз як шахс ба шахси дигар мегузарад ва паҳнкунандаи беморӣ худи одамон мебошанд. Маҳз бо андешаи чунин тадбирҳо, мо метавонем, ки хавфи паҳншавии бемории мазкурро дар байни аҳолӣ камтар намоем.

Вале баъзан навиштаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгаштаи дорои характери иғвоангезию фитнаи роҳбари собиқ ҲНИ М.Кабирӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ аз ваъияти эпидемилогии сирояти нави коронавирус истифода бурда, бо бозиҳои навбатии сиёсиашон мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ кардани ҳастанд. Махсусан, атрофи ду масъалаи болозикр, яъне таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва табибон бо ашёи зарурии тиббӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гапу калоча зиёд буд. Гап сари ин аст, ки дар рӯзҳои аввали авҷи бемории сироятии “COVID-19” либоси тиббӣ (захирашуда) нахуст ба муассисаҳои махсуси барои пешгирӣ ба мубориза ба пандемия равона гардида, аз ҷумла бӯстонсарою истирроҳатгоҳҳо, ки дар он бештар шаҳрвандони ҷумҳурии аз хориҷа омадаро фаро гирифта шуданд, тақсим гардид. Ҳукумати мамлакат, тибқи Амри Президенти кишвар ва дар асоси талаботи Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷӯмҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-2019″ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешиданд Воқеан муроҷиатномаи саривақтии роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва кори пурмасъули Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо “COVID-19”, аҳолиро бовар кунонд, ки Тоҷикистони азизамон ба зудӣ аз ин бемории сироятӣ мебарояд. Пас, даст руйи дил гузошта, бо қаноатмандӣ барои дастгирӣ ва тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат, бевосита Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур гуем, на ин ки бо паҳн кардани ҳар гуна овезаю хабарҳои беасос воҳима ангезем.

Дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ низ вазъ муътадил аст ва сокинони кишвари азизамон озоду бетарс, вале боэҳтиёт аз сироятёбии  “COVID-19 аз сар бурда истодаанд, ки натиҷаи хуб моро интизор аст. Аз ин рӯ, ба ҳар гуна хабару ангезаҳои бардурӯғ ва сиёсатбозиҳои навбатии собиқ ҲНИ аҳамият надиҳанд. Зеро тавре гуфтаанд: “Ҷавоби аблаҳ сукут аст”.

                 Фазиева С.-мудири забонҳои

     тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *