ИФРОТГАРОӢ ХАТАРЕ БА ҶОМЕА.

Тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба субботу оромии ҳар як халқияту миллат аз амлу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.  Мутаассифона, солҳои охир сар боло кардани гуруҳҳои тундраву ифротгаро вазъи сиёсиро дар як қатор кишварҳои олам ноором сохта, боиси содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар амалу кирдорҳои ҷинояткорона мегарданд. Тоҷикистон низ аз қабили кишварҳое маҳсуб меёбад, ки дар якчанд соли охир дучори амалу кирдориҳои ҷиноӣ, амалҳои террористӣ ва фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо гардида, барои барҳам задани онҳо талошу кӯшиш менамояд. Ба ин гурӯҳ мисоли шуда метавонад ТТЭ ҲНИ. Воқеан таҳлилҳо собит менамояд, ки бо мусоидати ТТЭ ҲНИ ва роҳбаладии руҳониёни алоҳида бо роҳи фиреб, ҷавононро гуё барои гирифтани талимоти динӣ ба Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон сафарбар менамоянд. Ниҳоят, баъди чанд муддате  онҳо ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмиллалӣ ҳамроҳ шуда, дар заду хӯрдҳои ин ташкилотҳо бар зидди ҳукуматҳои қонунии ин давлатҳо ширкат варзидаанд. То ҳол қисме аз онҳо дар ин давлатҳо қарор дошта,  тавассути онҳо хоҷаҳояшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нияти амали кардани нақшаҳои тахрибкоронаи худро доранд. Набояд фаромӯш кард, ки фарҳанги ифротгароӣ дар гурӯҳҳо таассубро эҷод намуда, худро ҳаққи мутлақ мепиндорад ва ҳар мухолифатеро бо хостаҳои худашно раво ва нобаҷо медонад. Бинобар ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бисёр корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ҳаматарафа ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад аз собиқадорони меҳнат, шахсони обрӯманди маҳал, кормандони  соҳибтаҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешавад. Бо ташаббуси Президенти кишвар ва фаъолона сурат гирифтани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ солҳои охир аз муассисаҳои таълимии динии шубҳанок 2724 нафар ҷавонписарон ба Ватан баргардонида шуданд, вале тахминан 150 нафари дигар, аз рӯйи маълумот, ҳанӯз баргардонида нашудаанд.

Ҳоло гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистӣ ғараз ва мақсади тахрибкоронаи худро зери пардаи ислом амалӣ кардан мехоҳанд. Онҳо сабабгори бисёр ихтилоф ва ноамнӣ дар баъзе манотиқи олам гардида, исломро бадном мекунанд, ки ҷараёни салафия аз ҷумлаи ин гуна гурӯҳҳо мебошад, ки дар ибодату ақоид мардумро ба ихтилоф андохтаанд.

Масъалаи дигаре, ки дар самти мазкур боиси ташвиш қарордошта, метавонад дар оянда ба тезу тунд шавии муносибати байни диндорон гардад, ин толибилмони дар марказҳо ва донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар таълим гирифта мебошанд. Мувофиқи маълумотҳо аксарияти  толибилмон дар давлатҳои Сурия, Арабистони Саудӣ, аз рӯи мазхаби  «ШИА» таълимоти  динӣ гирифтаанд ва ҳангоми намозгузори дар масчид байни  хатмкардагони марказҳои диннии хориҷи кишвар бо сокинони кишварамон нофаҳмиҳои мазҳабӣ ба миён меоранд. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки бо ҷавонон  бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем, то ин тамоюли номатлуб аз байн равад.

 

                                       Ҷалолова Ф. А.-муалиммаи калони кафедраи

                                        забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *