Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе ба нашр расид, ки ИМА Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эронро созмони байналмилалии террористӣ эътироф намуд. Ин матлаб зимни суханронии, президенти ИМА Доналд Трамп садо дод. Бубинед ва худ қазоват кунед, ки чаро бори аввал Вашингтон неруҳои мусаллаҳи давлати дигарро террористӣ эълон мекунад. Қасри сафед изҳор медорад, ки Эрон Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро барои гузаронидани маъракаи байналмилалии террористии худ истифода мебарад.
Кишвари Эрон дар ташкили ҷангҳои шаҳрвандӣ, бахусус дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997, ки онро бо дасти наҳзатиҳои террорист амалӣ сохт, таҷрибаи кофӣ дорад. Бо истифода аз ин таҷриба, имрӯзҳо эмисарони Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва масъулини хадамоти махсуси ин кишвар аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ-ро аз ҷиҳати идеологӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва аз лиҳози омодабошии ҳарбӣ ва ҷангӣ дар лагерҳои низомии марбут ба ин кишвар дар Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон таълим дода истодаанд.Чанде пештар ҷанговарони ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба қаламрави Афғонистон интиқол дода шуданд. Ин воқеа ба мақсади таҳдид ва ноором намудани амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Миёна амалӣ гардида, хатари мустақими он ба Россия низ хоҳад расид. Эронро бо ТТЭ ҲНИ – бахши ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон– робитаҳои таърихӣ мепайвандад. Эрон аз ҷониби худ ҷанговарони ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта суйистифода ва дастгирӣ менамуд.
Баъди бо амалиётҳои хунини доир намудааш падид омадини чеҳраи аслии ин ҳизби хоин, Тоҷикистон таҳқиқ намуд, ки ҲНИ ташкилоти террористию экстремистии дастпарвари Эрон буда, дар худ ҳадафҳоеро дорад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ ворид намуданаш аз аҳамият дур нест. Аммо ба назар мерасад, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон ҳалли ин масъаларо ҷиддӣ нагирифтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи мушоҳидаҳо аз сарчашмаҳои хабарӣ, ҲНИ танҳо як шохаи корбурди Эрон буда, гурӯҳҳои дигари террористии омода намудаи Эрон анқариб 30 фисади кураи заминро фаро гирифтасту аксари кишварҳои ховари миёнаро мавриди ҳадаф қарор дода аст, ки ба мушоҳида мерасад қисме аз кишварҳо алакай ба пуррагӣ аз ҳадафҳои нопоки Эрон хабардор гардидаанд.
Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси иттињоди иттињоди навтаъсиси «Паймон миллии Тољикистон» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин иттињод на пайравони миллат ҳастанд, балки хоинону ватанфўрушон ҳастанд. Ин як бозии навбатии найранги Муҳиддин Кабирї аст, ки бо супориши хоҷагони хориљиаш амалӣ месозад. Имрӯз иттињоди навтаъсис бо њаргуна суханњои беасосу дуруѓу бемантиќи худ мехоҳанд дар Тоҷикистон соњибистиќлол байни мардуми кишварамон зиддияту кинаю адоват барангезанд.
Воќеан њизби ифратгарои номбурда он ваќтњо бо дархости хоҷагони хориҷии худ низ ҷавононро ба худ ҷалб намуда, сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намудан мехост. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рўи майдон омаданд. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи сентябри соли 2015 амалҳои нобахшидании худро анҷом додани хостанд, вале нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи онҳо то охир амалї нагардид. Шояд иттињоди навтаъсиси ифротгаро барои амалї гардонидан наќшаи нопоки худ кўшиш карда истода бошад!? Бори дигар таъкид карданием, ки бар зидди чунин афроди хоину ватанфурўш муборизаи беамон хоњем бурд.
Хулоса, набояд фаромўш кард, ки чун имрўз он њама даврањои вазнин паси сар шуданду ба њукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халќи тољик тањти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тољикони љањон, сармеъмори сулњ, Президенти кишвар мўњтарам Эмомалї Рањмон ба дастовардњои беназиру сиёсиву иќтисодї ва фарњангї соњиб мегардад. Имрўз њар як шањрванди Тољикистони азиз бояд вазифаи муќаддаси худро ба хотири пойдор нигоњ доштани сулњу субот дар кишвар, таъмини амният, тањкими Вањдати миллї, њифзу нигоњдории истиќлол, таќвияти иќтидори давлат ва пешрафти љомеа содиќона рисолати хешро иљро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович,
доктори илми иқтисод, профессор