Тавре ба мо маълум аст, Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, комилҳуқуқ, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Дунявӣ будани давлат кафолати он аст, ки масъалаҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд. Татбиқи ин қонун барои ҳар кадоми мардуми шарифи кишварамон то кунун зиндагии шоиставу арзандаро муҳайё сохтааст.
Аммо имрӯз дар зери ниқоби дини ислом ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгаро ва гурӯҳҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 ва ғайра ба миён омада, амнияти ҷомеаи моро халалдор месозанд. Дар асл сиёсате, ки онҳо пеша кардаанд, сиёсати зӯроварию ифротгароист, ки аз дини мубини ислом дур аст. Душманони миллат ҷавонони соддаву зудбоварро ба доми худ кашида, бо маблағҳои ночизу кирдорҳои хоинона ба содир кардани амалҳои номатлубу барои ҷомеа зараровар, ба куштор, сӯхтор ва нобудсозӣ водор месозанд, онҳоро аз Ватан, фарзандони дилбанд ва падару модар ҷудо месозанд.
Боиси сарфарозист, ки имрӯз ҷавонони давлати мо таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллати тоҷик таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, самти сиёсати ҷавононро дар миллат боло бардоштаанд. Имр=з мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд.
Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.
Муродҷон Неъматов,
мудири шуъбаи ҷавонони ДИС ДДТТ