Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Терроризм зуҳуроти мураккаб буда, саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст.
Имрўз тарзу шеваи муборизаи террористон тағйир ёфтааст. Онҳо аз усули “Гурги якка” истифода намуда, бо ёрии корд ё воситаи нақлиёт даст ба одамкушӣ мезананд. Усул ё амали террористии “Гурги якка”- ро пешакӣ муайян кардан ниҳоят душвор аст. Ҳамчунин, мубаллиғони хилофат ба воситаи интернет дар Аврупо, Амрико ва Россия тарафдорони худро ба ҳуҷумҳои якка даъват намуда, ин гуна ҳуҷуми террористиро “Ҳуҷуми илҳом” номидаанд.
Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрдани “Давлати Исломӣ” танҳо шикасти ҳарбист. Шикасти ҳарбӣ маънои ҳамчун тарҳи сиёсӣ, чун бренде, ки рӯҳу мағзи ҳазорон ҷавонони мусулмони суннимазҳабро ҷалб мекунад, аз байн рафтану нест шуданро надорад. Суст гардидани мавқеи созмони “Давлати Исломӣ” дар минтақаи Шом (Сурия ва Ироқ) боиси ба пинҳонкорӣ рафтани онхо ба мушоҳида мерасад, ки алҳол ин ташкилоти террористӣ давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои террористии худ табдил дода истодааст. Бо баробари ин як қисми террористҳо ба кишвари Афғонистон кӯч бастаанд, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, имрўзҳо дар шароити љаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ, алалхусус минтақаи Осиёи Марказӣ нақши басо муҳим дошта, арсаи муборизаи шадиди дохилӣ ва байналхалқӣ гардидааст, ки манфиатҳои кишварҳои гирду атроф ва ҳамсояҳои наздикро фаро гирифта, боиси сар бар задани таҳдиду хатарҳои љиддӣ гардидааст. Таҳдиди терроризми байналхалқӣ мамлакатҳои гуногунро маҷбур мекунад, ки дар мубориза ба муқобили он муттаҳид шаванд.
Бо таваљљўҳ ба ин ҳолат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон оид ба мураккабиҳои љаҳони муосир, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”, васеъшавии ҷуғрофияи низоъҳо ва нооромиҳо изҳори нигаронӣ карда, таъкид карданд, ки Тољикистон дар самти муборизаи самарабахш бо хатару таҳдидҳои љаҳонӣ шарики табиии ҳамаи љонибҳои манфиатдор буд ва боқӣ мемонад.
Бинобар ин бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд бар зидди равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон бурдан лозим аст. Имрўз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон бояд, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии халқу мардумро пос дошта, барои боз ҳам пешрав шудани обрӯю нуфузи Ватани худ кӯшиш намоем. Равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра аз рӯи замин решакан шавад, то ки минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад.
Раҳимов Э.Э.
муаллими калони кафедраи
забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ