ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МОЛШИНОСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ ФАЪОЛИЯТИ ИМРЎЗАИ ТТЭ ҲНИ.

Таърих гувоҳ аст, ки ТТЭ ҲНИ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ягон саҳмие надошт ва надорад. Бо вуҷуди номнавис ва ба қайд гирифта шуданаш фаъолияти дурусте карда натавониста, ҷойгоҳи устувореро дар ҷомеа касб накард. Вале бо корбурди номи дини мубини ислом ва сӯистифода аз эътиқоди баъзе љавонони ноогаҳ то имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ талош варзида истодааст.
Ҳадафи ТТЭ ҲНИ ин тафриқандозӣ ва ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон мебошад. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ имрўзҳо дар сомонаҳои интернетӣ дӯрӯғҳои навро кофта бароварда, пахш менмоянд ва бо ҳар гуна обу ранги бадеӣ ва фиреби мардум, алалхусус љавононро гумроҳ кардан мехоҳанд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон фиребу найрангҳо ва фазилатфурушии роҳбарияти ТТЭ ҲНИ –ро хуб омўхтаанд ва дигар ба онҳо бовар намекунанд.
Воқеан Истиқлолияти кишвар якпорчагии Ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа ва муқаддасоти давлати мо буда, барои ҳифзу пойдории он ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамарӯза ҷаҳду талош меварзад.
Мо мардуми ҳушёру бозаковатро зарур аст, бо шукргузорӣ аз ин Истиқлолияти миллӣ ва шароити мусоиду рўзгори матлуб ҳама рўза бар андешаи он бошем, ки чигуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз иллат ва сирояти чунин вирусҳои марговар раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандўстӣ ва инсонгароӣ ҷўш зада, дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати комили он саъю талош намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *