ТАШВИҚОТИ ҒАРАЗНОКИ ТТЭ ҲНИ-РО МАҲКУМ БОЯД КАРД

   Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерўгоҳҳо, роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад.
Дар баробари чунин пешравиву бурдбориҳо ашхосоне ёфт мешаванд, ки пешравиҳои миллатро чашми дидан надошта, бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд. Яке аз чунин гуруҳ ТТЭ ҲНИ мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагии худро оғоз намуда, барои бадбахт намудани миллати тоҷик амал намудааст. Баъд аз манъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ ҲНИ аз дафтари ташкилот аз ҷониби кормандони қудратии мамалакат нақшаҳои ин ташкилоти террористӣ, ки барои барпо намудани нооромиҳо дар кишвар таҳрезӣ шуда буд дарёфт карда шуд.
Мо мардуми боору номус фаъолияти террористони онҳоро дар кадом шаклу бо кадом чеҳрае, ки набошанд маҳкум менамоем! Моро зарур аст, то ба чунин хоинони миллат имконият надиҳем, ки озодона муқобили давлату ҳукумат сухангўӣ кунанд ва бар зидӣ онҳо вокунишҳои саривақтӣ минбаъд ва ҳамеша нишон хоҳем дод…

Ассистенти кафедраи молшиносӣ ва
фаъолияти гумрукӣ Ахмедова А.Ю.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *