32 нафар соҳиби дипломи аъло гаштанд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани дипломҳои хатм баргузор гардид. Директори донишкада номзади илмҳои иқтисод дотсент Олимӣ Абдурауфи Латифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки  дар Донишкада ҳайати профессорону устодон барои тайёр кардани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир ҷаҳду талоши созанда менамоянд. Хушбахтона, аксари хатмкунандагони мо соҳиби ҷойи кори муносиб гашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолияти пурсамар  менамоянд.
Дар ДИС ДДТТ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисон барои бозори байналхалқӣ гурўҳҳои таълим бо забони англисӣ ба роҳ монда шудаанд. То ҳол 6 гурўҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ Донишкадаро хатм намуданд ва куллашон дар сатҳи байналмилалӣ бо ҷои корӣ таъмин шуданд. Дар соли таҳсили 2015-2016 чунин гурўҳҳо 13 ададро ташкил доданд, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ,  ҳуқуқӣ,  риёзӣ,  гуманитарӣ ва ғайра) бо забони англисӣ омўзонида мешаванд.
Боиси хушнудист, ки имсол донишкадаро дар шуъбаи рўзона ва ғоибона 801 нафар, аз ҷумла 47 нафар магистр хатм намуданд, ки аз онҳо 32 нафар соҳиби дипломи аъло гаштанд. Аз ин шумора 14 нафар дар шуъбаи рўзона, 13 нафар дар шуъбаи ғоибона ва 5 нафар магистр сазовори дипломи аъло гардиданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ҳамаи хатмкунандагонро ба ин рўзи фархундаю хотирмон табрик гуфта, барояшон дар ҷодаи фаъолият барору комёбиҳо таманно кард. Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон дипломҳои хатми донишкада тақдим карда шуд. Хатмкунандагони донишкада бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хидматҳои арзанда ба раёсат ва ҳайати профессорону устодон самимона арзи сипос намуданд.

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *