Аудити берунаи нақшаҳои таълимии ДИС ДДТТ дар доираи лоиҳаи Самтҳои баландбардории сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК

Дар давоми моҳи апрели соли 2019 сафари таълимии коршиноси пешбар Мухторов С.С. ба Донишгоҳи менеҷменти Варна. Дар муддати ташриф коршиноси пешбар аз наздик бо донишгоҳ ва раванди таълим шинос шуд, барои ҳамаи иштирикчиёни лоиҳа презентатсия гузаронид, ки дар он ҳамаи вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои донишгоҳи ҳамкор баррасӣ намуд.

Сӯҳбати коршиноси лоиҳа Мухторов С.С. бо шарикон аз Донишгоҳи Менеҷменти Варна

   Ҳамроҳи ҳамоҳансози лоиҳа ва муҳосиб аз Варна оид ба шартномаи хизматрасонӣ, саволҳо вобаста ба молия муҳокима карда шуданд. Рӯзи дигар бо мудири бахши таълим Ванина Валчева оид ба барномаҳои таълимии Донишгоҳи менеҷменти Варна вохӯри дошт.

Сафари кории Мухторов С.С. ба Донишгоҳи Менеҷменти  Варна (Булғория)

   Дар рафти сӯҳбат Ванина Валчева дар бораи усулҳои инноватисоние, ки онҳо дар барномаҳои худ истифода мебаранд, гуфта гузашт, ки асоси он барномаҳои Донишгоҳи Кардиффи Бритониёи Кабир мебошад. Ванина Валчева, ки чорабинии “Разработка образовательных стандартов высшего образования и учебных планов по специальностям с учетом адаптации к Болонскому процессу” дар ДИС ДДТТ мегузаронад, оиди ин инноватсияҳо пурратар маълумот медиҳад. Бо мутаххасиси кафедраи Технологияи иттилоотӣ Веселин Заимов дар бораи такомул додани барномаҳои таълимии кафедраи “Технологияҳои иттилоотӣ” гуфту шунид карда, вазифагузорӣ карда шуд. Веселин Заимов ҳамроҳи Ванина Валчева дар чорабинии дар бора зикр шуда, якҷоя иштирок мекунанд. Инчунин Мухторов С.С. бо шуъбаҳои таълим, байналмилалӣ шинос шуд ва дар ду дарс: яке – аз фанни Менеҷменти молиявӣ ва дигаре – Маркетинг иштирок дошт. Инчунин бо ректори донишгоҳ проф. Тодор Радев оид ба лоиҳа ва дигар самтҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо сӯҳбат дошт.

   Сӯҳбати коршиноси лоиҳа Мухторов С.С. бо шарикон аз Донишгоҳи Менеҷменти Варна

Cанаҳои 22-26 апрели соли 2019 чорабинии “Аудити берунаи стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ” шуда гузашт. Барои гузаронидани ин чорабини ректори Донишгоҳи менеҷменти Варна, профессор Тодор Радев ва профессори Донишгоҳи Миколас Ромерис Вайва Зузевичите даъват шудаанд.

Рӯзи аввал дар ҳайати гурӯҳи кории лоиҳа 20 нафар бо коршиносони хориҷа презенетатсияи лоиҳаи “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК” аз тарафи коршиносони пешбари лоиҳа дотсент Мирпочоев Д.А. ва Мухторов С.С. гузаронида шуд. Дар давоми рӯз профессор Вайва Зузевичите дар мавзӯи “Таъсисёбии фазои таҳсилоти олии Аврупо ва қонунгузориҳои он” баромад намуданд. Профессор Вайва дар семинар методҳои интерактиви истифода бурда бо гурӯҳи кории лоиҳа машқҳои амалӣ гузаронид.

   Семинар-тренинг бо профессор Тодор Радев ва Вайва Зузевичите бо гурӯҳи кории лоиҳа аз ДИС ДДТТ

Рӯзҳои дигар як қатор семинар-тренингҳо оид ба коркарди стандарҳои таълимӣ, сифати таълим, раванди гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, байналмилалигардонии донишгоҳ ва методҳои интерактивии гузаронидани дарсҳо шуда гузаштанд. Профессор Тодор Радев дар якҷоя бо профессор Вайва бо стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таъдилимии ихтисосҳои “Иқтисодиёти ҷаҳон”, “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна”, “Бизнес-маъмуриятичигӣ”, “Технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт” ва “Информатикаи иқтисодӣ” шинос шуда, ҷавобгӯйи онҳоро ба талаботҳои Низоми Болонӣ баҳогузорӣ карданд. Натиҷабандии 5 рӯзаи ташрифи профессори Донишгоҳи Миколас Ромерис хонума Вайва Зузевичите ва ректори Донишгоҳи менечменти Варна профессор Тодор Радев бо имзо шудани шартномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ бо Донишгоҳи менеҷменти Варна ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба имзо расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *