Дар санаҳои 3-8 июни соли 2019 соли аз тарафи экспертони хориҷа Донишгоҳи менеҷменти Варна (ДМВ), мудири шӯъӣаи таълим Ванина Валчева ва сармуаллими кафедраи Барномасозӣ Весселин Заимов барои гузаронидани Cеминар-тренинг Коркарди стандартҳои таълимии маълумоти олӣ ва нақшаҳо таълимии ихтисосҳо бо назардошти тағйир ба раванди Болонӣ ба ДИС ДДТТ ташриф оварданд.
Коршиноси лоиҳа Мирпочоев Д. бо экспртони хориҷа аз ДМВ ВанинаВалчева ва Весселин Заимов
Экспертони хориҷа асосан бо экспертони пешбари лоиҳа барои омодасозии барномаҳои таълимии ихтисосҳои лоиҳа Иқтисодиёти ҷаҳон, Бизнес маъмуриятичигӣ, Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна, Технология ва низоми итилооти дар иқтисодиёт, Информатикаи иқтисодӣ корбарӣ намуданд.
Рӯзи аввал Ванина Валчева ва Весселин Заимов бо экспертони пешбари лоиҳа ва гурӯҳи корӣ аз наздик шинос шуда, нақша-чорабинии семинар-тренингро мувофиқа намуданд. Аз рӯи ихтисосҳои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон бо ҳамроҳи мудири кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон Муҳиддинова Ш. ва эксперти пешбари лоиҳа Мирпочоев Д. ва Ванина Валчева ихтисоси “Бизнес-маъмуриятчигӣ” таҳлил карда шуд.
Семинари эксперти хориҷӣ Валчева В. бо гурӯҳи кории лоиҳа
Ванина Валчева дар мавзӯи «Разработка образовательных стандартов в соответствии с принципами Болонского процесса: опыт Варненского университета менеджмента» презентатсия намуд. Ванина Валчева барои мудири кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон Муҳиддинова Ш., эксперти пешбари лоиҳа Мирпочоев Д., муаллими калони кафедра Қобилов Ш. тарзи таҳияи барномаи таълимӣ бо назардошти стандартҳои Аврупои дар мисоли барномаи таълимии бакалавр Бизнеси байналмилалӣ ДМВ мизи мудаввар гузаронид. Ванина Валчева дар мавзӯи “Стратегии оценки знаний студентов” презентатсия намуд. Масъалаҳои вобаста ба усулҳои баҳогузорӣ, эътирофи дониш, шкалаҳо ва критерияҳои баҳогузорӣ, додани feedback ҳавасмандӣ ва ғайраҳоро дар семинар бардошта бо гурӯҳи корӣ мулоҳиза кард. Давоми семинар дар мавзӯи “Партнерство ВУМ с Университетом Кардиф метрополитен: организация и разработка совместных учебных программ” коршиноси хориҷӣ аз таҷрибаи ДМВ барои ташкили барномаҳои ду диплома бо Британияи Кабир оид ба мушкилотҳо ва нозукиҳои он, афзалиятҳои дипломи дуалӣ, фарқияти системаи таҳсилоти олии Британияи Кабир аз стандартҳои Аврупои гуфта буд. Берун аз семинарҳо Ванина Валчева бо ҳамроҳи коршиноси пешбари лоиҳа Мирпочоев Д. доир ба коркарди стандартҳо ва нақшаи таълим корбарӣ намуданд.
Аз рӯи ихтисосҳои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Весселин Заимов эксперти хориҷаи соҳаи Технологияҳои иттилоотӣ бо ҳамроҳи коршиноси пешбари лоиҳа Мухторов С. бо ду ихтисоси донишкада “Технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт” ва “Информатикаи иқтисодӣ” шинос шуданд.
Коршиноси пешбари лоиҳа Мухторов С.С. бо эксперти хориҷаи Технологияҳои иттилоотӣ Заимов В.
Дар якҷояги бо мудири кафедраи Математика ва Технологияҳои информатсионӣ Шарипов А. ин ихтисосҳоро таҳлил карда баромада, барои онҳо лоиҳаи нави нақшаи таълимиро таҳия намуданд. Аз пешниҳодҳое, ки эксперти хориҷа аз Литва пештар оид ба ин ихтисос дода буд, истифода бурда шуданд. Мухторов С. корҳои анҷом дода шударо бо Инга Зилинскиене аз Литва ба Весселин Заимов баррасӣ кард. Бо баробари он нақшаҳои таълими ин ихтисосҳо аз рӯи фаҳмиши Весселин Заимов баъзе иловаҳо ва тағйиротҳо дохил карда шуд. Весселин Заимов презентатсия дар мавзӯи Разработка программы бакалавра Софтвер инжиниринг: опыт ВУМ гузаронид.
Иштирокчиёни семинар-тренинги Разработка программы бакалавра Софтвер инжиниринг: опыт ВУМ.
Дар презентатсияи Заимов зарурияти такомули ихтисосҳои инноватсионӣ, аз он ҷумла барномасозиро гуфта гузашт. Таҷрибаи ДМВ нишон додааст, ки соҳаи Технологияҳои информатсионӣ ва барномасозӣ ба бисёр таҷриба ва амалия мӯҳтоҷ аст. 80% омӯзгорони ихтисоси “Софтвер инжиниринг”, яъне муҳандисии барномасозӣ аз бахши хусуси, барномасозонӣ пуртаҷриба мебошанд.
Семинар-тренинги Совершенствование учебных материалов по циклам дисциплин информационные технологии в цифровой экономике
Дар семинар фанҳои ин ихтисос, тарзи бурдани дарсҳои амалӣ ва лексияҳо, корҳои мустақилона дида шуданд. Дар охири семинар омӯзгорони кафедра ба саволҳои худ аз эксперти пешбар ҷавобҳо гирифтанд. Берун аз семинарҳо Весселин Заимов бо ҳамроҳи коршиноси пешбари лоиҳа Мухторов С. доир ба коркарди стандартҳо ва нақшаи таълим корбарӣ намуданд. Весселин Заимов бо ҳамроҳи Мухторов С. барои гузаронидани “Семинар-тренинг по совершенствованию учебных материалов по циклам дисциплин информационные технологии в цифровой экономике”, дар ҳафтаи дуюм, 10-15 июни соли 2019 истифода аз ҳузури худ машғул шуданд.
Санаҳои 10-15 июни соли 2019 Весселин Заимов омӯзгори ДМВ барои омӯзгорони кафедраи Математика ва технологияҳои информатсионӣ силсилаи тренингҳо аз технологияҳои информатсионӣ гузаронида шуд.
Яке аз тренингҳо аз Технологияҳои Информатсионӣ
1 | Тренинги 3 рӯза дар мавзӯи “Структура базы данных”. Тренинги мазкур дар синфхонаи компютерӣ бо таври иҷрои машқҳои амалӣ суръат гирифт. Тарзи дуруст гузоштани вазифаҳо, масъалаҳо барои фанҳои барномасозӣ дида баромада шуд. Иштирокчиён барои омода сохтани дарсҳои амалӣ, корҳои мустақилона барои забони барномасозии JavaScript якҷоя корбарӣ намуданд. |
2 | Семинар оид ба тартиб додани силлабусҳо барои фанҳои Технологияҳои информатсионӣ. Тақсимоти дурусти соатҳо вобаста ба намуди дарс. |
3 | Тренинги 2 рӯза дар мавзӯи “Объектно ориентированное программирование”. Ин тренинг низ дар синфхонаи компютерӣ бо таври иҷрои машқҳои амалӣ суръат гирифт. Заимов В. хусусиятҳои асосии забонҳои барномасозии ба обект нигаронида шударо шарҳ дод. Иштирокчиён барои омода сохтани дарсҳои амалӣ, корҳои мустақилона барои забони барномасозии Java якҷоя корбарӣ намуданд. |
4 | Ҳамаи иштирокчиён барномаи ECLIPSE – ро насб карда дар ин муҳит барнамоҳои хурд омода сохтанд. Аз тарафи иштирокчиён масъалагузориҳо шуд, ки бо ҳамроҳи Заимов В, иҷро намуданд. |
5 | Сӯҳбати озод бо коршиноси пешбар оид ба соҳаи технологияҳои информатсионӣ, инноватсияҳо ва имконияти ҳамкорӣ байни кафедраи Математика ва технологияҳои информатсионӣ бо кафедраи Барномасозии ДМВ. |
Иштирокчиёни семинар-тренингҳо бо эксперти хориҷӣ аз Донишгоҳи Менеҷменти Варна Весселин Заимов
Мақсади сафари хизматӣ ба ш. Вилнюси Ҷумҳурии Литва ин омӯзиши таҷрибаи коркарди барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои таълим, маводҳои таълимии аз ихтисосҳои “Индустрияи молиявӣ”, “Бизнеси байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук” дар Донишгоҳи Микола Ромериси Литва мебошад.
Сафари кории Мирпочоев Д. ба Донишгҳи Миколас Ромерис (Булғория)
Корҳои иҷро шуда:
1) |
Амалӣ гардонидани барномаҳои мубодилаи донишҷӯён; |
2) |
Амалӣ гардонидаи барномаҳои мубодилаи ҳайати устодону профессорон; |
3) | Ҳамкорӣ дар ҷодаи илм оид ба ташкили конфронсҳои муштараки илмӣ-амалӣ, мубодилаи асарҳои илмӣ, амалӣ гардонидани лоиҳаҳои илмӣ; |
4) | Ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён; |
5) | Амалигардонии барномаҳои “дипломи дутарафа” аз рӯи ихтисосҳои “Иқтисодиёти ҷаҳон”, “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии беруна”. |
6) | Бо ҳамроҳии директорони барномаҳои “Бизнеси байналмилалӣ” ва “Индустрияи молиявӣ” барои ДИС ДТТТ коркард кардани нақшаҳои таълимии нав бо назардошти талаботҳои Болонӣ ва таҷрибаи Донишгоҳи Микола Ромерис; |
7) | Амалӣ гардонидани ҳамкориҳо доир ба илм, ташкили конфронсҳои муштарак, мубодилаи дастовардҳои илмӣ; |
8) | Тайёр намудани заминаҳои моддиву техникӣ барои ташкили низоми “дипломи дутарафа”; |
9) | Дида баромадан ва андешидани чорабиниҳои мушаххас оиди ташкили барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва магистрантҳо; |
10) |
Мусоидат намудан барои ҳимояи рисолаҳои докторантҳои PhD дар Шӯроҳои илмии Донишгоҳи Миколас Ромерис. |
Сафари кории Мирпочоев Д. ба Донишгҳи Миколас Ромерис (Булғория)
Санаҳои 24-29 июни соли 2019 бо омӯзгори кафедари Молияи ДМВ Диян Димов ба ДИС ДДТТ чунин корҳо иҷро шуд:
1) Ташкили маърӯзаи Диян Димов доир ба мавзӯи “Назарияи молия: машғуляитҳои назирявӣ ва амалӣ (таҷрибаи Донишгоҳи менеҷменти Варна). Дар ин маърӯза ҳайати устодони кафедраҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳон, намояндагони Раёсати донишкада иштирок карданд;
Маърӯзаи Диян Димов доир ба мавзӯи Назарияи молия: машғуляитҳои назирявӣ ва амалӣ (таҷрибаи Донишгоҳи менеҷменти Варна)
2) Кор бо гурӯҳи корӣ аз шумори устодони кафедраҳои иқтисодиёти ҷаҳон ва молия ва қарз доир ба муҳокимаи нақшаи таълими ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна”
Устодони кафедраҳои Иқтисодиёти ҷаҳон ва Молия ва қарз
3) Таҳияи интиқодии нақшаҳои барномаҳои таълимӣ аз фаннҳои “Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит”, “Назарияи молия”, “Молия, муомилоти пулӣ ва қарз” бо ҳамроҳии Диян Димов
4) Ташкили маърӯзаи Диян Димов доир ба мавзӯи “Ба ҳисобгирии бухгалтерӣ ва хусусиятҳои хоси таълими он дар Донишгоҳи менеҷменти Варна ”. Дар ин маърӯза таркиб ва сохтори барномаи таълимӣ, модулҳои таълимӣ аз фанни баҳисобгирии бухгалтерӣ, маводҳои таълимӣ, методӣ бо назардошти талаботҳои фазои таҳсилотии Аврупоӣ таҳлил карда шуданд;
Саволу ҷавоб дар равиши маърӯзаи Диян Димов доир ба мавзӯи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва хусусиятҳои хоси таълими он дар Донишгоҳи менеҷменти Варна
5) Корбарӣ бо коршиноси пешбар н.и.и. Мирпочоев Д. доир таҳлили маводҳои таълимӣ-методии фанни “Назарияи молия” барои ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии беруна”-и забони таҳсилаш англисӣ
6) Ташкили маърӯза доир ба мавзӯи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ барои қабули қарор”. Маърӯзаи мазкур маълумотҳо оиди таркиб ва сохтори фанни “Баҳисобгирии бухгалтерӣ барои қабули қарор”, мақсад, салоҳиятҳои касбӣ, ки барои магистрантҳои Донишгоҳи менеҷменти Варна пешбинӣ шуда буд, дар бар мегирифт
Мукофотонидани иштирокчиён бо сертификатҳо
7) Ташкили маърӯза доир ба мавзӯи “Менеҷменти молиявӣ: дарсҳои назариявӣ ва амалӣ”. Маърӯзаи мазкур маълумотҳо оиди таркиб ва сохтори фанни мазкур, мақсад, салоҳиятҳои касбӣ, маводҳои назоратӣ ва ғайраҳо, ки барои сатҳи бакалавриати Донишгоҳи менеҷменти Варна пешбинӣ шуда буд, дар бар мегирифт.
Иштирокчиёни семинар-тренингҳо бо эксперти хориҷа аз Донишгоҳи Менеҷменти Варна Диян Димов