САТРИ АВРАТ ВА ҲИҶОБ

 Нуқтаи назар

Сатри аврат чист ва чиро ҳиҷоб меноманд? Аслан, воҷаҳои сатр ва ҳиҷоб ҳарду аз забони арабӣ буда, маънояшон парда, пӯшок ё рӯпӯш аст ва дар мавридаш ниқоб ҳам мегӯянд. Ва сатри аврат, як навъ, либоси хоси занона буда, асосан ба хориҷиён, минҷумла, мардуми мусалмони араб мансуб аст.

Ҳазрати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ сатри аврат, яъне ҳиҷоби занонаро ба маънии муҷарради пӯшидан ин тур ба риштаи назм кашидааст:

Карда пайи сатри пардаи хеш

Муште ду гиёҳ аз пасу пеш… 

Яке аз олимони маъруфи тоҷик номзади улуми суханшиносӣ дотсенти Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улущзода Хосият Олимӣ дар мақолаи худ, ки «Чодар ва ҳиҷоб аз куҷо омадаанд?» ном дорад, («Ҷумҳурият», №66, 31.03.2015) овардааст:

«Чодар, ҳиҷоб, сатр… Аз воҷаҳои мазкур «чодар» дар байни мардуми тоҷик маъмултар буда, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои «пардае, ки занон ба сар мегиранд» омадааст. Барои шарҳи он байте аз Анвариро овардаанд:

Аз таффу тоби ханҷари мардони лашкарат,

Бар сар кашад ба шакли занон чодар офтоб.

Аз маънои байт чунин дармеёбем, ки мурод аз тасвири шоир ишора ба чодари бонувон аст, ки ба сар мекашанд ва аз нигоҳи бад худро эмин медоранд».

Дар мавриди рангу шаклҳои ҳиҷоб андеша ронда, муаллиф химор ном шакли онро «аз рӯймоли сафеди тунук ва озодаи бонувони калонсоли тоҷик ҳеҷ фарқе надорад» маънидод мекунад. Ва боз меафзояд: аслан бонувони куҳансол пироҳани фарохе мепӯшанд, ки байни мардум бо номи куртаи тоҷикӣ маъруф аст ва шакли он аз нигоҳи этнографҳо, яъне мардумшиносон, ориёист.

Рӯзе бонуи хушсимоеро вохӯрдам, ки замоне дар як мактаб таҳсил доштему минбаъд ӯ бо пайроҳаи комсомол қадам зада, ба вазифаҳои баланд комёб шуда буд. Дидам, ки саропо либоси сип-сиёҳ ба бар дошт. Баъди салому алейк дилам, як навъ, хавотир ҳам шуду пурсидам:

– Муаллима, тинҷӣ-мӣ?

– Ҳа, тинҷӣ, – шояд аз нигоҳҳоям маънӣ бардошта бошад, бо табассум посух гардонд ва ҳамоно илова намуд. – Агар ба либосам шубҳа карда бошед, Шумо аз замона қафо мондаед, домулло, ин ҳозир мӯд шудагӣ…

Рости гап, дигар, ки ҳоҷат ба гап ҳам набуд, оҳиста зери лаб «мебахшед» гуфтаму баъди хайрухуш ба роҳи худ равон шудам.

Воқеан, сатри аврату ҳиҷоб фақат солҳои охир барои занони тоҷик, метавон гуфт, як андоза, мӯд гардид. Хосатан, аксар занони тоҷик, баъди аз зиёрати хонаи Худо баргаштан, ин гуна либос ба бар карда, онро барои дигарон низ маъмул гардониданд. Ва ҳоло бархе аз духтарон ба онҳо тақлид намуда, сатри аврат ва ҳиҷобро бо либоси аврупоии зебанда махлут ҳам кардаанд.

Ҳамагӣ бист сол муқаддам, яъне соли 1996, вақте ки барои иштирок дар ҷашни 675-солагии милоди Шайх Камоли Хуҷандӣ бо сарзамини Ҷумҳурии исломии Эрон сафар доштем, мушоҳида карда будам, ки мутобиқ ба низоми либоспӯшии онон бонувони мусофир ҳам (ҳатто занҳои аврупоӣ ё осиёитабор, амсоли чиноиву куриёиҳо) дар он ҷо ҳиҷоби сабук ё сарандоз, яъне рӯймоли оддӣ пӯшида, баробари бозгашт дар даруни тайёра ҳамоно онро аз сар мегирифтанд ва боз ба сурати пешина мемонданд.

Ҳоло бошад, аз зумраи ҳоҷиён бонуҳо пурра ҳиҷоб ва мардон аксар ришмониро куллан ба «мӯд» дароварданд ва онро ба ватани хеш ворид ҳам намуданд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, вақти ба сафари ҳаҷ фиристодани зоирон масъулини мақомоти марбута онҳоро дар бораи баъди анҷоми сафар нагаравидан ба суннатҳои хориҷиён огоҳ намоянд ва дар сурати ин талаботро риоя накарданашон ҷаримабандӣ ҳам бикунанд, зеро он ба либос ва оини миллии мо чандон хос нест.

«Хонаю палос – одаму либос» гуфтанӣ мақоли халқ ҳаст. Мо дар мавриди либоспӯшӣ набояд ба тарзу тариқаи дигар миллату халқҳо кӯр-кӯрона тақлид намоем. Замони шӯравӣ буд, ки тарзи либоспӯшии аврупоиро дар байни ҳамаи халқҳои собиқ ҷумҳуриҳо «мӯд» гардонд ва ҳатто як андоза аз тарзи либоспӯшии миллӣ дур афтода бошем ҳам, ба бахти халқамон, қимати атласу адрас барин анвои урфиро ҳеҷ кадоме паст зада натавонист.

Хушбахтона, хосатан, ҷавонзанҳо ва духтарони тоҷик оҳиста-оҳиста ба тарзи миллии либоспӯшӣ рӯ оварда истодаанд. Воқеан, дар шахси донишҷӯдухтарон андак майл пайдо кардан ба ҳиҷоб маҳз барои он нораво мебошад, ки вақтҳои охир зери ниқоби сатри аврат як идда занони ахлоқан вайрон дар меҳмонхонаҳо манзил гузида, ба амалҳои нопоки танфурӯшӣ даст зада истодаанд. Дар ҳамин бобат муаллифи мақолаи номбурда ҳам бамаврид зикр намудааст: «Асоси мақсади пӯшидани чодар ин аз фитна гурехтани бонувон аст, на ин ки онро ҳамчун як шевае ба мӯд дароранд ва худро мавриди таваҷҷуҳи мардони бегона қарор бидиҳанд».

Дарвоқеъ, ҳоло барои бонувони мо муҳим он аст, ки ба ҷои пайравӣ ба сатру ҳиҷоб либосҳои миллӣ, тарзи дӯхтану пӯшидани онҳоро бо ҳунармандии хеш боз ҳам такмил бидиҳанд ва ҳусни хоси тоҷиконаашро коҳида нагардонанд.

Абдулмаҷиди БОБОҶОНИЁН,

узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *