«Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва ощози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт».
Раванди имрӯзаи ҳодисаҳои ҷаҳон моро ҳушдор медиҳад, ки аз бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи арзишҳои олии миллӣ ва таъмини амнияту оромии кишвар талош намоем. Воқеаҳои охири Тоҷикистон нишон доданд, ки бадхоҳон ҳамеша дар пайи ноором кардани авзои кишваранд ва хушбахтона онҳо ба нияти бади хеш нарасиданд ва Ватани маҳбуби мо дар ҳолати оромӣ ва суботу амният қарор дорад.
Зимни суханронӣ дар маросиси ифтитоҳи мактаби президентӣ дар ноҳияи Ҳисор Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи шаҳрвандон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки: «Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем».
Ҳамаи мо огаҳӣ дорем, ки дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат 8 корманди пулис кушта шудаанд. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи бомдоди 4 сентябр дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ҳашт корманди пулис кушта ва ду нафарашон захмӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар задухӯрд дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ду афсари ОМОН ва як нозири роҳ ба ҳалокат расидаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ҳамлаи мусаллаҳона болои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи мушикофонаи ҳодиса шурӯъ намудааст.
Мутассифона, ҳаводиси охир, ки дар шаҳри Ваҳдат ва атрофи Душанбе рух дод, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф гузошта наметавонад. Аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, ки як гуруҳ бо сарварии Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат ҳамлавар гардида, чанде аз кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба қатл расонида, яроқу аслиҳаи зиёдеро ба ящмо бурдаанд. Албатта, ҳар кас ба сазои амали хеш хоҳад расид ва бо неруи тавонои афсарону сарбозони диловари Ватан чандин силоҳбадастон ва узви ин гуруҳи террористӣ, аз ҷумла сарвари онҳо, генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар дараи Ромит дар муҳосира қарор гирифта, нобуд карда шуданд. Мо боварӣ дорем, ки оромию осудагии Тоҷикистонро ҳеҷ гуруҳ ва ё ҳеҷ шахсияте халалдор карда наметавонад. Барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту осоиштагии Тоҷикистон дар кишвар тамоми шароит муҳайё мебошад. Неруҳои дохилӣ, амният ва мудофиаи кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд ва намегузоранд, кишвар ба гирдоби ҷангу ҷадалҳо теле дода шавад.
Мо бояд ҳама шукронаи ваҳдату якдилӣ ва оромию осудагии ватани азиз намоем. То ин ҳама бадбахтию бедодгариҳо ба сари ин қавму ин миллат наояд. Мо якбор заҳри фиребу найранги душманони аҷнабиро чашидем ва имрӯз ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар масъулият дорад, то барои ҳифзи ормонҳои миллию мазҳабии хеш ҷаҳду талош намояд. Ҳар як сокини кишвар бояд аз воқеаҳои ҷаҳони имрӯз ибрат гирад ва ба қадри осудагию оромии Тоҷикистон бирасад. Ҳамаи тоҷикистониён, аз вакилони Маҷлиси Олӣ сар карда, то аъзои Ҳукумат, тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, бонувони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, кормандони далеру ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳар як фарди меҳандӯсти кишвар масъул аст ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кунанд ва бо ин амали неку созандаи хеш қарзи виҷдониву инсонии худро адо намоянд.
Мо, устодону донишҷӯён ҳамеша тарафдори сиёсати Ҳукумати кишвар мебошем ва амали ҳама гуруҳҳои ифтротгаро ва ихтилофангезро маҳкум намуда, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба қадри ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот ва оромӣ расида, барои фардои дурахшони Ватан софдилона заҳмат кашем.