Ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ормони мост!

Мардуми сарбаланди тоҷик имсол ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони озоду ободро таҷлил менамоянд. Ин ҷашни таърихӣ ҳар як шаҳрванди баору номусро водор менамояд, ки бо дилу нияти пок софдилона баҳри ободию осоиштагии Ватани маҳбубамон заҳмат кашад, меҳнат намояд ва дар бинои кохи муҳташами Истиқлолияти давлатӣ нақши арзандаи хешро гузорад. Биёед, як ба саҳфаҳои таърих назар афканем. Аммо мо чӣ щаму шодӣ, дарду ранҷ, ободию вайрониро паси сар кардем, насли калонсол хуб медонанд. Насли наврас низ бояд дарк намоянд, ки Тоҷикистони азизи мо дар солҳои авали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ кашида шуд, албатта бо дасисаи душманони хориҷию дохилӣ. Мо чӣ қадар хисороти моддию маънавӣ дидем, то ҳанӯз заҳри он ҳодисаҳои мудҳишро мечашему таҳаммул мекунем. Шукри Худованд, имрӯз дар кишвари орому осуда умр ба сар мебарем ва ҳамеша дуогӯ ҳастем, ки он рӯзҳои мудҳиш дигар ҳеҷгоҳ ба кишвари мо наоянд. Таъсири буҳрони молиявии ҷаҳон ба кишвари мо низ расид, аммо ин рӯзҳои сахт тез мегузаранд, барои миллати сарбаланди тоҷик ҳифзи Ваҳдат, сулҳу субот ва ормонҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Авзои Шарқи Наздик, воқеаҳои Сурияву Ироқ ҳар як шахсро ба андеша водор менамояд ва чун даҳшати ҷанг ва харобаву валангории шаҳрҳои як замон обод ва фарҳангии ин кишварҳоро тавассути оинаи нилгун мебинед, дили кас ба фарёд меояд. Устод Лоиқ Шералӣ дар як шеъри хеш хуб фармудаанд:

Ҳар дам фищони кӯдаке ояд ба гӯши ман,

Чун синаҳои модари ӯро буридаанд.

Ҳар лаҳза оҳи модаре ояд ба гӯши ман,

Чун қалби софу синаи тифлаш даридаанд.

Се қисмати ҷаҳон ҳама об асту воаҷаб,

Аз чӣ мудом ташнаи хунед, қотилон?

Ободии ҷаҳон агар дархӯрдатон набуд,

Аз модарони худ чаро зодед дар ҷаҳон?

Воқеан, ин маъниҳо бозгӯи воқеаҳои имрӯзи ҷаҳони мост. Имрӯз ҳодисаҳои террористӣ дар Туркияю Индонезия ҷомеаи ҷаҳониро ба ташфиш овардааст. Ё қатли модар аз тарафи писар, ки фарзандашро насиҳат мекард, аз ин роҳи хато баргардад, аз ДИИШ-у пайравони он ҳимоят накунад, чӣ вокунишҳои шадиде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, ҳама хуб медонем. Чаро ҷавонон ба чунин аъмоли ношоиста даст зада, фирефтаи макру фиреб ва андешаҳои гумороҳона мегарданд ва ҳатто ба модари хеш раҳме намекунанд? Ин даҳшат аст, даҳшате, ки ваҳшитарин ҳайвон ба он роҳ намедиҳад. Дар идомаи шеъри хеш устод Лоиқ гӯё ба чунин ашхоси нохалаф муроҷиат карда, садо баланд мекунад:

Эй қотилон,

Гар ҷангу душманиву бародаркушӣ равост,

Пас зиндагӣ чарост?

Дилогандагӣ чарост?

Эй ҷоҳилон,

Гар зиндагии мо ҳама ҳар лаҳза мурдан аст,

Пас бандагӣ чарост?

Сарафкандагӣ чарост???

Имрӯз дар шароити вазнини бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем ва мутассифона дар ҷумҳуриамон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба мушоҳида мерасад.

Чунин нуктаҳо дар Паёми Президенти кишвар амиқ таҳлил гардиданд ва андешаҳои Сарвари кишвар перомуни ҳаводиси Шарқи Наздик ва ҳимояи дини мубини ислом боиси дастгирианд: «Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».

Ин суханони пурҳикмати Сарвари кишвар ҳар як шаҳрванди баору номус ва соҳибватанро бетараф гузошта наметавонад ва мо бояд барои ободии Тоҷикистони азиз бештар саҳми арзандаи хешро гузорем: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

Нуъмон РАҶАБЗОДА

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *