
Ҳаводиси солҳои охири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибонони худ, бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.
Муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Вобаста ба масоили мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки чандин нафар ҷавонони тоҷик ба созмони террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи“Давлати исломӣ”шомил гардида, бештар дар кишварҳои Сурия ва Ироқ иқомату ҷангида, беш аз 80 нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Бо назардошти расонаҳои хабарӣ бояд қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 то имрӯз 1030 нафар ба Ватан баргардонида шуданд. Дар баробари ин дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ 247 аъзои ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни ҷангҳои хориҷӣ ба таври ихтиёрӣ ба Ватан баргаштанд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи сиёсии Сурия ва Ироқ, бахусус гуруҳҳои терррористӣ аз қабили ДИИШ ва “Ал-Қоида” ба Афғонистон ва кишварҳои Аврупо паногоҳ ёфта, фаъолияташонро ошкоро ва пинҳонӣ ба роҳ монда, бо ҳар роҳ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иттилоотӣ бархе ҷавонони кишвари моро гумроҳ намуданашон ба мушоҳида мерасад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мисол меорем, ки тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, ки як шаҳрванди кишварамон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар ҳудуди шаҳри Истамбул, шаби фарорасии Соли нави милодӣ-2023 барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Ҳамчунин, тибқи хабаргузории “ANSA” пулиси Итолиё дар шаҳри Рум 8-уми апрели соли ҷорӣ як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро ба гумони терроризм ва узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ боздошт кардааст. Боздоштшуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ҷурми ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия, дар соли 2014 таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат, омузгор ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрўза терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Дар умум метавон иброз намуд, ки муқовимати оштинопазир бо терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои мубрам ва қобили таваҷҷуҳ дар сиёсати дохилӣ ва берунии кишвари мо ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои қударатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ва самаранокро роҳандозӣ намуда, ҷонибдорӣ сулҳу суботи сартосари дар тамоми сайёраи замин ва пуштибонӣ аз тадбирҳои андешидаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт мебошад. Бо ин мақсад дар кишвари соҳибистиқлоламон сиёсати ҳуқуқии мукаммал тарҳарезӣ гадида, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, то дар таҳкими суботи комили сиёсии тоҷикистони азиз поягузор бошанд, чунки суботу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҷойгоҳи тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ доранд. Хулоса, ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин ҳаводиси номатлуби ҷомеаи имрӯза хулосаи зарурӣ бароранд ва баҳри ғанигардонии маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва сиёсии хеш кушиш харҷ намоянд. Дар робита ба ин, бояд кард, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоламон соли 2024 -“Соли маърифати ҳуқуқӣ”эълон шудаст, ки ин иқдоми навбатии Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳад кард. Воқеан, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд. Умедворем дар ин сол тамоми масъулин, ҳуқуқшиносон, воситаҳои ахбори омма барои сохтани ҷомеаи муттаҳиди маданӣ ва давлати ҳуқуқбунёди миллӣ кӯшишу талош намуда, дар ин масир қадамҳои устувор мегузоранд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
