Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрузҳо нотавонбинони миллат, алалхусус яке аз пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш барои ноором сохтани авзои сиёсии кишвар пайваста бо ҳар шева дар ҳолати нафратэҷодкунӣ нисбат ба давлату миллатамон пайваста иғвогарӣ менамоянд. Масалан, санаи 9 октябри соли равон М.Садриддин тавассути шабакаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоеву Адураҳмон ва дигаре бо лақаби “Нурик” баромад намуданд .

Ин тудаи роҳгумгаштаи ватангадо зимни баромадашон ”оид ба сафари навбатии Сарвари кишвар ба Русия боз суханҳои пучу беасосро пеша намуда, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво ангезанд. Бо таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ ҷаҳду талош доранд. Хулоса, амалҳои таҳрибкоронаи хоинони миллат ҳаргуна ормони инсондўстиро поймол ва ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллиро танг мекунанд, сазовор ба маҳкум шудан аст. Ҳарчанд номбаршудагон зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд.

Мо чунин мешуморем, ки иддаои ин гурӯҳаки беватанро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, барояшон хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ин қабил тудаи иғвогар ,умуман ҳаммаслаку пайравони худсохтаи наҳзат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!

Дар фарҷоми андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ