Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд ки солҳои охир аз ҷониби хадамоти махсуси бархе кишварҳои манфиатҷў мехоҳанд, ки арзишҳои дини мубини исломро ба ҳадафи геополитикӣ истифода намуда, вазъи иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои мусулмонниро ноором гардонанд. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, кибаъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсонро нодида мегиранд. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем. Бояд ёдовар шуд ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), “Ал – Қоида”, “Бародарони мусулмон” ва дигар равияҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳи сатҳи донишашонро пастро гумроҳ намуда, ба сафи худ ҳамроҳ менамоянд. Гурӯххои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба накшахои ғаразнокашон натанҳо бо суҳбати инфиродӣ, инчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботиро ба роҳ монда, шаҳрвандони кишварамонро гумроҳ карда, дар давлатхои ҷанг рафтаистода бевосита ҷалб намудаанд. Ин ҳолат асосан дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласник” ва дигар барномаҳои месенҷерӣ натиҷаи чунин фаъолият ба мушоҳида мерасад. Дар иртибот ба ин, чунин мисол овардан мумкин аст, ки тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гурўҳи тундрави Давлати исломии Ироқу Шом-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз рақами оморӣ хулоса бароварда, қайд кардан зарур аст, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омўхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ
