Сарчашмаи дурӯғ ва фиреб

 

    Имрӯз дар Тоҷикистон нерӯҳое мавҷуданд, ки метавонанд боиси  ташаннуҷи вазъи ҷомеа  гарданд. Ниҳодҳои диниву  мазҳабии тундрав ва бахусус ҲНИ дар нооромиии мамлакат, тундравию ифротгароӣ,  муташанниҷ гардонидани вазъи ҷомеаи кишвар метавонад таъсири бештари манфӣ дошта бошад.

Фаъолияти ҲНИ, усулан, ҳатто бо моҳияти  дини ислом  ихтилоф дорад. Ин ҳизб  ба хотири  мақсади сиёсии худ тамоми усулҳои таъсиррасонӣ ба мардумро  пеш гирифтааст. Яке аз ин роҳҳои таъсиррасонӣ бо воситаи ҳаргуна сомонаҳо мебошад, ки бо маълумотҳои беасос ва бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамояд. Аз шунидани хабар дар бораи бастани сомонаҳои интернетии “Ахбор.ком” ва “наҳзат.ру” дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳалномаи Суди Олӣ аз 19 марти соли 2020 бениҳоят хушҳол гаштем. Чунин сомонаҳо хизматгори ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ буда, ба ғайр аз паҳн кардани маълумотҳои дурӯғ ва беасос дигар манфиат намеоранд. Мафкураи ҷавононро бо маълумотҳои фасоди худ вайрон намуда, дар Ватани ободу осоиштаи мо тухми бадиро коштанианд.

 

Мо, аҳли коллективи кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ оиди эътибори қонунӣ гирифтани ҳалномаи Суди Олӣ дар бораи бастани сомонаҳои интернетии “Ахбор.ком” ва “наҳзат.ру” дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хушҳол мебошем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *