Мизи мудаввар
Дар ДИС ДДТТ бо ибтикори шуъбаи илм ва инноватсия ва кафедраи ҷомеашиносӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Саразм – гаҳвораи тамаддуни тоҷикон» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳи мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Фаррух Камолов перомуни “Аз таърихи номнависгардии Саразм – чун ёдгории таърихӣ дар феҳрасти ЮНЕСКО” фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт. Дар идомаи суханрониҳо оид ба таассурот аз сафар ба мавзеи таърихии Саразм гузориши пурмуҳтавои Мамадҷонов Ф.С. – муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ шунида шуд. Мавсуф перомуни сафар ба шаҳри бостонии Панҷакент, диду боздидҳо аз мавзеи ёдгории бостонии тоҷикон – Саразми 5500-сола таассуроти хешро баён дошта, иқдомҳои Пшвои муаззами миллатро дар самти баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон шоистаи таҳсин ва дастгирӣ арзёбӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки дар мизи мудаввар донишҷӯёни соли аввал бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба таърихи Саразм ва рушди саноату ҳанармандӣ дар ин шаҳраки бостонии тоҷикон баён доштанд.
Темирова Азиза – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 24010104р. -ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавзӯи “Саразми чун мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ”, Абдуҳафизов Сабурҷон – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260202р – менеҷмент оид ба мавзӯи “Рушди ҳунармандӣ дар Саразми бостонӣ”, Камолова Умедахон-донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260202т – менеҷмент оиди мавзӯи “Саразм – мояи худшиносӣ ва меҳрпарастии тоҷикон”, Олимова Гулҳаё -донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 24010104р. -ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти ёдгориҳои бостонӣ” маърӯза намуданд.
Дар мизи мудаввар устоди кафедраи ҷомеашиносӣ, доктори илмҳои таърих Рафоатхон Алиева ва узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Нуъмон Раҷабзода иштирок ва суханронӣ карда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии ҷавонон ва бештар донистани таъриху фарҳанги тоҷикон муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар китоби тозанашр бо номи “”Саразми 5500 сола – сароғози таърихи тоҷикон” аз тарафи мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Фаррух Камолов муаррифӣ карда шуд. Китоби мазкур бо ибтикори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд тавассути нашриёти “Ношир” ба нашр расида, фарогири маҷмуаи мақолоти илмӣ бахшида ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостон мебошад. Ин китоби пурарзиш зери назари Президенти Академияи миллии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муҳаррири масъул доктори фанҳои таърих, профессор Шодмон Воҳидов, мураттибон: Шодмон Воҳидов ва Далерҷон Мирпочоев, муқарризон: Шарофиддин Қурбонов, номзади фанҳои таърих, дотсент, Сироҷиддин Бобоев, номзади илмҳои филология, дотсент ба нашр расида, дар он дастовардҳои навини саразмшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ҷой дода шудааст.
Дар поёни мизи мудаввар мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаррух Турсунов ба ҳамаи иштирокчиёни мизи мудаввар арзи сипос намуда, таъкид намуд, ки воқеан Саразми бостонӣ дар шинохти таъриху фарҳанги тоҷикон нақш ва мақоми хос дорад ва мо метавонем бо ифтихори баланди ватандорӣ ин ёдгории таърихии тоҷиконро муаррифгари кишвар дар арсаи байналмилалӣ номем.