Эмомалӣ Раҳмон –  раҳнамои миллат ба сӯи бунёдкориҳо!

Дар толори ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо устодону донишҷӯён оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд баргузор гардид, ки дар он нуктаҳои муҳими Барнома шарҳ дода шуданд. Мулоқотро доктори илмҳои иқтисод Абдумавлон Азимов ифтитоҳ намуда, меҳмонони чорабиниро ба донишкада хайрамақдам гуфт.

Зимни муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахси боэътимод, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор – Ҷамшед Ҷӯразода таъкид шуд, ки таъмин намудани фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ тавассути ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба сармоягузорону соҳибкорон дар минтақаҳои кишвар ва содда гардонидани расмиёти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла такмил додани низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи асосӣ дорад.

Ҳамчунин зимни вохурӣ оиди дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, нақша ва барномаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ гардидани нақбҳои автомобилӣ ва сохта ба истифода дода шудани НБО “Сангтуда” ва ду агрегатҳои барқии НБО “Роғун” ва ғайра, ки бевосита бо дастгирии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон амалӣ гардида истодаанд, маълумоти муфассал дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *