МУРОҶИАТНОМАИ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд

 

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд вобаста ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва дар кўфтани фасли зимистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд мерасонад, ки бинобар беэҳтиётӣ дар ин фасл эҳтимоли хуруҷи бемориҳои роҳи нафас афзуда, ба бемории зуком ва дигар навъҳои вазнини он оварда расониданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз, пўшидани либосҳои гарм дар рўзҳои сард ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ тавсия дода мешавад.

Мусаллам аст, ки ҳамарўза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадобир ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи дуюми бемории короновирус хушдор медиҳанд, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, банд намудани фикру зикри худ ба орзую омоли интихобнамудаамон дар зиндагӣ, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки баъзан шаҳрвандон бо тарсу ваҳм ақидаи худро дучори бўҳрони равонӣ мекунанд, ки он боиси пайдоиш ва хуруҷи бемориҳо мегардад.

Муҳим он аст, ки мо бояд баҳри ҳифзи саломатии худ дар ин фасли сармо аз ҳарвақта дида бодиққат ва баҳуш бошем. Зукоми маъмулие, ки ба он шаҳрвандон дар ин фасл гирифтор мешаванд, бо омилҳои гуногун вазнин омаданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз танҳо бо тавсияи духтурони оилавӣ муолиҷа намуда, аз худтабобаткунӣ даст кашед.

Он нафароне, ки ба бемории короновирус ва илтиҳоби шадиди шуш сироёт ёфтаанд, барои барқарор намудани организми худ аз тамоми имконот истифода намоянд. Паст шудани иммунитет ба дигарбора сироятёбӣ ва афзудани беморӣ оварда мерасонад. Ҷиҳати риояи масофа ва қоидаҳои беҳдоштӣ бепарвогӣ ҳаргиз бепарвогӣ зоҳир накунед. Оилаҳои сироятшуда дидаву дониста фарзандони худро ба муассисаҳои таълимӣ нафиристанд, ки ба саломатии дигар шаҳрвандон хатар эҷод мекунанд.

Борҳо таъкид намудем ва боз ҳам мегўем, ки ҳамагуна маъракаҳои хонаводагӣ ва ҷамъиятӣ дар шароити феълӣ хатарнок арзёбӣ гардида, ба пайдоиш ва хуруҷи бемории короновирус мусоидат хоҳад намуд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба хотири нигоҳдошти муътадили солимии худ аз ин маъракаҳо муддате худдорӣ намоянд.

Ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки ки ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, ки кишварҳои абарқудрат ба он истодагӣ карда натавонистанд. То ҳол ваксина алайҳи ин беморӣ расман дар муомилот бароварда нашудааст. Аммо бояд дар хотир дошта бошем, ки он табобатшаванда аст, дар сурате ки қоидаҳои беҳдоштӣ риоя ва бо маслиҳати табибон амал намоем.

Дар тамоми маҳаллаҳо, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ Ситодҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19)амал намуда истодааст ва масъалаҳои марбут ба пешгирии ин беморӣ дар ҷаласаҳои он ба зуддӣ ҳал карда мешаванд.Тамоми раванди мубориза ва табобати ин беморӣ зери назари доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки ба ҳаргуна овозаю ҳангомаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд, зеро тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирусро бо ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон фаъолият доранд. Рўз аз рўз иқтидори ин госпиталҳо пурзўр гардида, барои қабул ва табобати беморони короновирус имконоиятҳои фаровон вуҷуд доранд.

Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короновирус аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, барои муборизаи дастҷамъона ва истифодаи самаровари он қувваҳоро сафарбар намудааст. Дар ин самт тамоми захира ва иқтидорҳо кифоя аст.

Маркази назорати давлатии санитарию

эпидемологии шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *