Ҷамъбастии конфронси илмӣ-назаривии донишкадавӣ дар мавзўи «Рушди иқтисодиёти инноватсионию индустриалӣ: назария, усулҳо, таҷриба» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

Мутобиқи нақшаи баргузории конфронсҳо, симпозиумҳои ДИС ДДТТ аз 19.04.2019 то 26.04.2019 конфронси XXI илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷўёни  Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ  дар мавзўи «Рушди иқтисодиёти инноватсионию индустриалӣ: назария, усулҳо, таҷриба» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия санаи 19.04.2019 оғоз гардида,кори бахшҳои омӯзгорон санаҳои 20,22 апрели соли 2019 ва кори бахши донишҷӯён сана 23 апрели соли 2019 баргузор гардид.

Кори конференсия дар 12 бахши омӯзгорон ва 13 бахши донишҷӯён идома ёфт.

Дар бахши омӯзгорон 13 нафар ҷойи якум, 13 нафар ҷойи дуюм ва 16 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар бахши донишҷӯён 14 нафар ҷойи якум, 14 нафар ҷойи дуюм ва 16 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии конфронси илмӣ-назаривии донишкадавӣ директори ДИС ДДТТ муҳтарам Олимӣ Р.Л. иштирок намуда, ба ғолибони бахшҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотировиро тақдим намуданд.

Ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ дипломи номзади илм, ки аз ҷониби Шӯрои диссертатсионии назди комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Руссия тасдиқ шудааст, бамуаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Гадойбоева Шоҳина супорида шуд.

Қайд кардан бомаврид аст, ки донишҷӯёни ДИС ДДТТ ҳар сол дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ” фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ Дипломи дараҷаи 3 ба донишҷӯи курси 4, ихтисоси Андоз ва андозбандӣ Бурҳонов С, ва ба донишҷӯи курси 3, ихтисоси Ҳуқуқи иқтисодӣ Элмуродов Ҷалол, Дипломи дараҷаи 1 ба донишҷӯи курси 3, ихтисоси Менеҷмент Султонова Мафтунахон, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шудааст, супорида шуд.

jamb_konf_1
jamb_konf_1
jamb_konf_5
jamb_konf_5
jamb_konf_2
jamb_konf_2
jamb_konf_3
jamb_konf_3
jamb_konf_4
jamb_konf_4
jamb_konf_7
jamb_konf_7
jamb_konf_8
jamb_konf_8
jamb_konf_9
jamb_konf_9
jamb_konf_6
jamb_konf_6
previous arrowprevious arrow
next arrownext arrow
 
jamb_konf_1
jamb_konf_1
jamb_konf_5
jamb_konf_5
jamb_konf_2
jamb_konf_2
jamb_konf_3
jamb_konf_3
jamb_konf_4
jamb_konf_4
jamb_konf_7
jamb_konf_7
jamb_konf_8
jamb_konf_8
jamb_konf_9
jamb_konf_9
jamb_konf_6
jamb_konf_6
previous arrow
next arrow
Shadow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *