Бадкирдориҳои нохалафон

Васвасаҳои пучу бемаънои М.Кабирӣ аллакай ҳамаро дилбазан кардаву такроргӯиҳояш касро бештар нисбати ин нобакорон нафратманд кардааст. Ин қадар дурӯғуйи  нисбати миллат гап мезананд.  Аммо онҳо чизеро намедонанд, ки ба ин хомфикриҳои хаёлиашон дигар касе бовар намекунаду, мардум аз ҷангу низоъ безоранду чунин ҷангҷӯёну бадхешонро чашми дидан надоранд. Фаромуш накунед, ки ана ҳамон дар хонаҳо ҷамъ шудан ва нақшаҳои нопоки худро тарҳрезӣ кардани Шумо ва ҳаммаслаконатон буд, ки мардумро овораву саргардон ва ҳалок сохт.

Наметавонед, ки сабаб ва натиҷаи мардуми кушташуда, фиребхӯрда ва беватангашта, ки сабабгори он Шумо ва ҳаммаслаконатон будед ба мардум кушода диҳед. Ҳоло вақти он расидааст, ки шумо низ ба он дасисаҳои худ хотима диҳеду ин пешравию саодати рӯзгори тоҷиконро қабул намоед, вақте ин қадар дар мусоҳибаҳоятон мо тоҷикистонием мугӯед. Зеро сухан дигару амал дигар аст.

Аммо боре андеша намекунанд, ки аз рӯи ин “сиёсатмадорони зиндонӣ” мардуми тоҷик чи рӯзҳои сангинро гузаронид. Охир мо Истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро ин қадар ба осонӣ ба даст наовардаем, ки имрӯз ба бадкирдории нохалафе аз даст диҳем. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин роҳ нахоҳем дод, зеро вазифаи мо дар назди халқу миллат аз он иборат аст, ки ба насли фардо низ Истиқлолият нурпоши кунад ва ояндаи миллатамон дурахшонтар гардад.  Ҳама медонанд, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст!

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *