Норбобоев Лукмон, сармуаллими
кафедраи математикаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ
Пайравони Салафия дар масҷиду маҳфилҳо ва дар байни ҷавонони гумроҳу сатҳи донишашон паст ба корҳои таблиғию ташвиқотӣ амал намуда, мазҳаби моро таҳқиру пайравони онро бидъаткор мехонанд. Салафияро нисбати мазҳаби мо дар байни мардум афзалиятдор тарғиб намуда, баъзе аз ҷавонони зудбовару гумроҳи аз мазҳаби худ бехабарро ба доми худ кашида, аз онҳо бо мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Ин қабил ҷавонон кӯр- кӯрона ба гуфтори салафиҳо бовар карда, ба онҳо тақлид мекунад. Дар натиҷа, чунин гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки тарзи либоспӯшӣ, гуфтор, риши дарозашон аз мусалмонони ҳанифамазҳаб ба куллӣ фарқ мекунад.
Аз ин лиҳоз, бинобар хатар ба амнияти кишварамон таҳдид карданаш бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти равияи Салафия дар қаламрави Тоҷикистон аз соли 2009 манъ карда шудааст. Ва аз соли 2014 он ҳамчун ташкилоти экстримистӣ эълон карда шуд.
Баъди соли 2009 бинобар манъи фаъолияташ салафиён ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта, бо дастгирии ҳоҷагони хориҷиашон амали худро идома медиҳанд. Ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар китобҳои салафӣ таҳти унвони “Дар партави мазҳаби ҳанафӣ” ворид намуда, мехостанд ба ин васила мардуми моро гумроҳ намуд, ақидаҳои хешро ҷорӣ намоянд. Чунин ниқобпӯшӣ хоси равияи салафӣ буда, онҳо солҳо инҷониб мехоҳанд ба ҳар роҳу восита дар ватани мо нуфуз пайдо кунанд. Мақсаду мароми онҳо як аст, ҳарчӣ бештар намудани пайравон, ташкили гурӯҳҳои ҷангӣ, ба фирқаҳо ҷудо намудани мардум, паҳн кардани ихтилофоти мазҳабӣ ва ба ин восита ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ба вартаи ҳалокат овардани миллат, мисли давлатҳои араб ба хоку хун оғӯшта намудани ватани мо мебошад.