Иброҳимов И.И.,
Мамадхӯҷаева М.
Терроризм, террористҳо ва гурӯҳу ҳаракатҳои мамнӯи ифротӣ натанҳо мояи ташвишу нигарониҳо дар Тоҷикистон шудааст, балки онҳо барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла ИДМ ва Осиёи Марказӣ хатарзо мебошанд. Александр Бортников, раҳбари ФСБ-и Русия, дар авоили моҳи ноябр, дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, гуфт, ки «кишварҳои ИДМ ба як ҳадафи муносиб ва осон барои террористони байналмилалӣ табдил меёбанд, чунки дар сафҳои ин гурӯҳҳои пинҳонкори ҷаҳонӣ зодагони кишварҳои пасошӯравӣ низ меҷанганд. Ҳоло вазъи ба сурати фавқулода хатарнок дар Ховари Миёна ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо як навъ «интернатсионал»-и террористие дар заминаи созмони «Давлати исломӣ» ташаккул меёбад. Аъзои он дар Ироқу Сурия «таҷриба»-и ҷангӣ омӯхта, баъдан ба ҳайси мураббиёну истихдомгарон (вербовщики), воизон ва мутахассисони таъсиси шабакаҳои пинҳонкори роҳзане, ки бо «сохтори асосгузор»-и худ робитаи наздикро ҳифз мекунад, ба зодгоҳи худ бармегарданд. Таҷрибаи харобкориҳои «Давлати исломӣ»-ро метавонанд ҷунбиши «Толибон» ва гурӯҳҳои дигари марбут ба он дар Афғонистону Покистон низ истифода баранд, ки ин ҳам барои кишварҳои ИДМ таҳдидбарангез аст».
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш гуфтааст, ки «ифротгароии мазҳабӣ мисли бемории саратон аст, ки набояд бидуни табобат гузошта шавад». Вай дар ин ҷаласа хостори андешидани тадбирҳои шадид алайҳи ҷамъиятҳои ифротии мазҳабӣ шуд ва руҳониёни Қирғизистонро ҳушдор дод, ки ҳар касе Қирғизистонро ҳамчун давлати дунявӣ эътироф намекунад, бо пайомадҳои «хеле шадид» рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Аммо ҷангиёни «Давлати исломӣ» бо нашри видеоҳо дар интернет ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид кардаанд, ки «ҷиҳод»-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд. Дар як харитае, ки аз номи «Давлати исломӣ» нашр шуда, «нақшаи ин гурӯҳи тундрав барои 5 соли оянда» номида мешавад, тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо Афғонистону Покистон, қисматҳои мусалмоннишини Ҳинд ва устонҳои шарқии Эрон дар як устони воҳид бо номи «Хуросон» зикр шудаанд.
Ҷойи шак нест, ки барои тӯлонимуддат дар нуқтаҳои даргир ва минтақаҳои зери идораи тундгароҳо, аз ҷумла дар Сурия, Лубнон, Покистон, Афғонистон, зери таъсири ДИИШ, «ҲИӮ», «Ансоруллоҳ», «Ал-Қоида» ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ мондани ҷавонон барои Тоҷикистон (дар сурати бозгашташон ба кишвар ё ҳамдастӣ бо нерӯҳои дохилӣ) хатарзо мебошад. Ба иттилои ғайрирасмӣ, танҳо дар Сурия то 200 нафар аз шаҳрвандони мо меҷанганд ва то имрӯз дар бораи ҳалокати чандин нафар аз зодагони Тоҷикистон дар ин кишвари арабӣ гузоришҳо ба даст расидаанд.
Мағзшӯии ҷавонон аз сӯйи истихдомгарон
Маркази сотсиологии «Шарқ» зимни як назарсанҷӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик дар Русия (725 шаҳрванди Тоҷикистон пурсида шудааст) маълум кардааст, ки тақрибан 18%-и муҳоҷирон ё ҳар нафари 5-уми онҳо бовар дорад, ки «муборизаи мусалмонҳо барои эътиқод як амри зарурист». Онҳо афзудаанд, ки ҳарчанд шароит надоранд худ ба ҷанг раванд, зеро бояд зиндагии хонаводаҳои худро таъмин намоянд, аммо омодаанд «ҷиҳод»-ро сармоягузорӣ кунанд. Намедонам, ки то куҷо ин назарсанҷӣ расмӣ ва воқеист, аммо ғизо барои андеша мебошад ва мебояд ба хотири аз роҳҳои маданӣ ва маърифатӣ тағйир додани ин руҳияи иртиҷоӣ ва афкори муҳоҷирон чораҳо андешем.
Онҳое, ки барои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия ҷалб гардидаанд, аз ҷониби равоншиносони касбӣ ва омӯхташуда мағзшӯӣ шудаанд. Баъзан вориди шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, дар саҳфаҳои алоҳида ё зери матлабҳо шарҳҳоеро мутолиа кардан мумкин аст, ки исботи гуфтаҳои боло буда метавонад. Масалан, зери матлабе Холид ном нафаре, ки худро аз Шом муаррифӣ кардааст, навиштааст: «Ин дурӯғи маҳз ҳаст, ки пул ваъда мекунанд ё пул медиҳанд. Ман шахсан аз оилаи сарватманд ҳастам ва дар зиндагиам ҳеҷ камбудие набуд. Фақат барои ризои Аллоҳ дар ин роҳ омадам… Инҳо барои чӣ омаданд, инҳоро кӣ фиреб дод? Магар шумо гуфтаҳои Аллоҳро фиреб мегӯед?». Рӯшан аст, ки маълумоти нокофии динӣ доштани ҷавонон сабаби ташреҳи иштибоҳӣ ё барқасдонаи фармудаҳои ислом ва аҳодис аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ ё истихдомгарон ба хотири чида гирифтани онҳо мешавад. Ингуна ҷавонон ба ҳадде гумроҳу «сарсупурда»-и ақидаҳои ифротии «корфармоҳо»-и худ мегарданд, ки дигар ҳатто ба панду насиҳат ва таваллои волидони худ барои бозгашташон ба ҳаёти осоишта ва Ватан гӯш намедиҳанд. Ахиран матлабе ҳам дар расонаҳо нашр шуд, ки як модари қазоқ барои баргардонидани писараш аз Сурия ба он кишвари арабӣ рафта, аммо танҳову ноумед баргашт. Писари 26-солааш Бағлон, ки намозхон буду соҳиби оила, охирҳои моҳи августи соли равон ногаҳон бо баҳонаи харидани мошин дар Остона манзили худро тарк кард ва баъди муддате аз Сурия аз худ дарак дод. Қуралой, модари Бағлон, ки аз «ҷиҳодӣ» шудани писараш дар ҳайрат ва таҳлука мондааст, тавассути Туркия ба назди писар рафт. Дар он ҷо бо шароити зисту машғулиятҳои онҳо шинос шуд, ёру дӯстонашро дид, бо писараш муфассал суҳбат кард, вале натавонист ҷигарбандашро мутақоид кунад, ки ба назди оилааш баргардад. Модар ва ҳамсари Бағлон ҳоло моҳҳои охири пеш аз сафари ӯро ба Сурия ба ёд оварда дар ҳайрат мемонанд, ки чӣ тавр аз ниятҳои ӯ пай бурда натавонистанд…
Уламои дин мегӯянд, ки исломро ба суннативу тундрав ва ифротӣ набояд ҷудо намуд, балки қонунҳову анъанаҳои исломро бояд дуруст омӯхт ва риоя кард.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст, дар мусалмонии мост.
Гурӯҳҳое, чун «Давлати исломӣ» ё «Ал-Қоида», ба иддаои коршиносон, ҳосили сиёсату бозиҳои геополитикист, ки ба онҳо як навъ ранги исломӣ додаанд ва аз ислом сӯйистифода мешавад.
«Қуръон ҳолатҳоеро, ки мусалмон бояд барои дифоъ аз худ ва ё бо аҳдофи дигар силоҳ ба даст бигирад, мушаххас кардааст. Ба гардани касе бор кардани силоҳу бо мазҳаб пӯшондани ин амал ғайри қобили қабул аст. Набояд бо исми Аллоҳ дар забон одам кушт! Вақте нафаре нафареро бегуноҳ мекушад, имонашро, виҷдонашро ва тамоми муқаддасотеро, ки дорад, аз даст медиҳад. Бародар бародари муъмин аст», – мегӯяд Саидҷон Сорбонхӯҷа, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таассубу ифротгароӣ, терроризм ва бо мақсадҳои ғаразноки гурӯҳӣ ба тарзи сунъӣ сиёсӣ намудани исломро аз бузургтарин хатарҳое номидааст, ки ба ҷомеаи муосир таҳдид доранд. «Албатта, мо мефаҳмем, ки фақру бекорӣ барои зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми ҷаҳон шароити мусоид ба вуҷуд меоварад, вале бояд гуфт, ки мудохилаи хориҷӣ бо истифода аз сатҳи пасти саводу фарҳанг ва маърифати дунявию динӣ, нохудогоҳӣ, бетараф будан нисбат ба арзишҳои волои милливу динӣ дар замони муосир аз омилҳои асосии пайдоиш ва шиддат гирифтани ифротгароӣ гардидааст», – зикр кардааст Э. Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқот бо аҳли ҷомеа 4 июли соли 2013.