САЙДИ АСОСИИ  БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ АСТ!

 

 

          Дар давоми моҳҳои охири соли равон бадхоҳони миллат –  раҳбару ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Кабирию  Муҳаммадиқболи Садириддин ва думраваш аъзои Гурӯҳи-24, Беҳрӯз Тағойзода, асосан тавассути Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ ва хостинги кишварҳои  Аврупоро  ба манфиати худ истифода бурда , дар барномаҳои ифротиашон, “Минбари муҳоҷир” “Садои мардум” ва амсоли инҳо   бо навбат баромад менамоянд. Бадхоҳони зикршуда, зимни баромадҳояшон асосан  нисбати ҷумҳурии азизамон пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Борҳо таъкид карда будем боз қайд менамоем,ки  ин гурӯҳҳо асосан дар хориҷи кишвар бо пушгтибониии хоҷагонаш фаъолият бурда  истодаанд ва сайди асосии онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Чунончӣ,  моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Русия амали мусаллаҳона намуданд ва дар оқибат дастгир шуда, тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони роҳгумзада аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Хулоса амсоли ин мисолҳо бисёранд. Бинобар ин, имруз  падару модарон, омӯзгорон ва умуман ҳар фарди худшиносу ватандӯстро зарур аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд. Боварӣ дорем, ки бо дарки дурусти масъалаи зикршуда  бо дарназардошти вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намояд.

К.КАЛОНОВ,

сармутахассис оид ба

 сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *