ЭҲТИМОЛИЯТИ  ВУРУДИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЗИЁД МЕГАРДАД!

        Солҳои охир доираи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ пайваста тавсеа ёфта, фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои террористиву ифротӣ фаромарзӣ мешавад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки терроризм бо рангу ҷилоҳҳои нав пас аз сарнагун сохтани реҷаи авторитарии яке аз давлатҳои араб Ливия равшан аён шуд. Қурбониҳои инқилоби ливиягӣ ки, дар натиҷаи мудохилаи қувваҳои беруна амалӣ гардид ва  сониян он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт ва теъдоди фавтитагон охирҳои августи соли 2011 ба 50 ҳазор нафар расида буд. Дар натиҷаи ҷанг давлатдории ин мамлакат аз байн бурда шуду ба ҳамсоядавлатҳои он ҳам зарар расид. Ҳодисаҳои ин давлат гувоҳӣ медиҳанд, ки мудохилаи берунӣ, кӯшиши ҷорӣ кардани арзишҳо, урфу одатҳои бегона ба кори давлатдорӣ давлатро ба чӣ ҳолат оварда мерасонад. Куштори роҳбари давлат М. Каддафӣ бо дастгирии мамлакатҳои коалитсияи ғарб, дар таърихи терроризм зуҳуроти нав нест, бартараф кардани роҳбарони сиёсӣ бо баҳонаи хайрхоҳона (дар ҳолати ин давлат зери шиорҳои ҷорӣ кардани арзишҳои демократияи ғарбӣ). Сабаби қатли бераҳмонаи М. Каддафи ин рӯ ба фирор наоварданаш ба монанди собиқ президенти Тунис З. Бен-Алӣ ва ё ба инқилобчиён таслим нашудани ӯ ба монанди собиқ презденти Миср Х. Муборак мебошад. Куштори намоишкорнаи М. Каддафи ишорае ба роҳбарони дигар давлатҳои араб буд, ки агар онҳо ҷуръат намуда пеши роҳи онҳро гирифтанӣ шаванд онҳоро ҳам ин сарнавишт интизор аст. Дар ҳамин давра дар бораи мавҷудияти гурӯҳи террористӣ ДИИШ ва даъвои он барои азнавтақсимкунии фазои сиёсӣ ба ҷаҳониён маълум шуд.Дар миёнаи солҳои 20-уми қарни ХХ1, яъне амиқтараш  соли 2014 дар 95 мамлакатҳои ҷаҳон амалиётҳои террористӣ рух доданд, ки амалиёти фаъоли он дар панҷ давлатҳо ба монанди Ироқ, Нигерия, Афғонистон, Покистон ва Сирия мушоҳида карда мешуд. Ба даҳгонаи мамлакатҳое, ки аз амалиётҳои  террористӣ зиёдтар осеб дидаанд Ҳиндустон, Яман, Сомалӣ, Ливия ва Таиланд ҳам ворид шуданд. Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодшуда дар соли дар боло зикршуда  ба маблағи 52,9 млрд доллари амрикоӣ зарар расидааст. Дар ин солҳо  аз дасти гурӯҳҳои калони террористӣ ба монанди «Боко ҳарам» 6 ҳаз. 644 нафар, ДИИШ , ки мақсадашон ташкили халифат дар мамлакатҳои Шарқи наздик мебошад 6 ҳаз. 73 нафар  ва 20 ҳаз. нафар дар майдонҳои ҷангӣ ба ҳалокат расидаанд.

Нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ,  имруз хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрӯз “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и  экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилияти амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад. Ноустувории вазъи иқтисодӣ, бекории зиёд — хамаи ин барои исён ба муқобили ҳокимияти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ин аст, ки шумораи гурӯҳҳои ҷангӣ дар шимоли Афғонистон меафзояд. Баробари ин дар Афғонистон, бахусус дар наздикии марзҳо бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, тамаркузи гурӯҳҳои ҷангӣ, хатари эҳтимолии вуруд ба ин минтақаро дорад Ин  гуруҳҳои террористҳо кӯшиш мекунанд, ки ба кишварҳои ИДМ ворид шаванд, ячейкаҳои махфӣ ташкил кунанд.

Айни замон вазъи сиёсии Афғонистон хеле ногувор буда, ягона қуввае, ки зидди ҳаракати тундгарон муқовимат мекунад, ҷабҳаҳои муқовимати миллии Афғонистон мебошад, ки роҳбарии онро Аҳмади Масъуд писари Аҳмадшоҳи Масъуд дорад.

Дар фарҷоми андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлати Афғонистон имрӯз бетараф бошанд. Бояд барои пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардуми ин кишвар бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, бетараф нашуда, аз коғазу арзу баён ба амал гузаранд!

Ф. МАМАДҶОНОВ,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *