АЛАЙҲИ АМАЛҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

          Мо ҷавонон, тавре ки огоҳем, имрӯзҳо дар ҷаҳон даҳҳо гуруҳҳои ифротиву террористӣ амал мекунанд, ки ҳар кадом гуё худро ҳомии дини мубини Ислом муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита ақидаи нопокашонро дар байни аҳли ҷомеа паҳн менамоянд.Чунончӣ ТТЭ ҲНИ имрӯзҳои тавассути шабакаҳои интернетӣ раҳбаряту ҳаммаслакон ва  думравонаш мисоли Гуруҳи-24 дар барномаҳои ифротиашон баромад карда, аз бесоводӣ ва гумроҳиву камтаҷрибагии ҷавонон истифода намуда,онҳоро ба доми фиреби найранги худ мекашанд ва дар амалҳои ғайриинсониашон истифода менамоянд. Аммо оқибати ин амалҳо хиёнат ба Ватан-модар, доғ овардан ба волидайн ва куштаву хору залил шудан аст. Албатта, мо ҷавонони даврони соҳибистиёлол ин гуна гуруҳҳоро маҳкум менамоем ва аз ҳамсолон, умуман аз ҳар фарди ҷомеа даъват ба амал меорем, ки зиракиии сиёсиро аз даст надиҳанд.Баробари ин бояд ёдовар шудан зарур аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо як маротиба ба майдони бархурди манфиатҳои давлатҳои алоҳида ва гуруҳҳои махсуси сиёсӣ табдил ёфт.Онҳо , яъне асосан аз ҷониби  роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ манфиати худро боло гузошта, манфиатҳои миллии моро поймол намуданд. Нангинтарин аст,ки ин корҳоро бо дасти худи фарзандони миллатамон анҷом доданд.  Онҳо бо хоҷагони хориҷиашон ният доштанд, ки бо амалҳои нангини худ давлати моро пароканда сохта, байни худ тақсим ва ё таври хосаи худ давлат бунёд менамоянд. Ин сабақи рӯзгор аст барои мо-ҷавонон. Набояд фаромӯш созем,ки Ватани моро ғайр аз мо дигар ҳеҷ кас обод намекунад.Ватани мо танҳо барои мо азизу муқаддас аст ва барои дигарон ҷойи ба дастовардани манфиат.Бояд қайд кард, ки ҳарчанд давраҳои тақдирсози кишварамон бо хотираҳои ибратомӯзу таърихӣ пушти сар шудаанд, вале набояд фаромӯш кард,ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо ҷавонон вазифаҳое истодаанд,ки амалисозии онхо баҳри таҳкими истиқлол ва бақои давлату миллат азизамон аҳамияти бузург дорад.

         Ҷаҳони муосир тақозои онро дорад, ки имрӯз мо бояд аз манфиатҳои миллӣ,таърихи пурифтихори ниёгонамон, қаҳрамониву ҷонфидоиҳои фарзонафарзандондар саҳифаҳоми таърих сабақ гирифта, тухми поки бедории миллӣ,худшиносӣ ва ватандӯстивро дар қалби мардум кишт намоем.

         Хулоса фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ, думраваш Гуруҳи-24 ва хоҷагони хориҷиашон  фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Мо-ҷавонон  имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТЭТ ҲНИ ва думравонаш  камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманону бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

 

Файзалӣ  ҚУРБОНОВ ,

мудири шуъбаи кор бо

 ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *