Изҳороти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба матлаби нашрнамудаи Мирзои Салимпур

 

Мо аъзоёни кафедра матлаби нашрнамудаи Мирзои Салимпур ҷавобан ба фаъолияти мақомоти прокуратура ва амнияти кишварамон нисбати ӯ ва наздиконаш, ки пурра навиштаи бардурӯғ аст, хонда дар ҳайрат афтодем. Худи ӯ кист, ки сар бардошта нисбати халқу ватанамон бӯҳтонҳо меофарад? Вай як эркаи падару модар аст, ки аз хурдӣ барои ӯ ҳамаи неъматҳои моддию маънавиро дареғ намедоштанд. Аз ҳисоби давлати шӯравӣ дар наврасӣ 2 маротиба дар пионерлагери байналмилалии Артек дам гирифтааст, соҳиби маълумоти миёна ва олӣ гардидааст. Барои чунин марҳаматҳо ба ҷои шукр кардан вай давлати шӯравиро чашми дидан надошт ва медонем, ки босмачиёни хунхорро қаҳрамони миллат номид. Дар кашмакашиҳои аввали солҳои 90-ум тарафдори наҳзатиҳо шуда, падари дорои мансаб ва обрӯяшро, ки директори совхоз ва муовини аввали раиси ноҳияи Ҳисор буд, сархам намуд. Ба номи бобои раиси колхоз, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ доғ овард. Бо амалҳои ифротӣ, суханҳои бардурӯғ, яъне дар вақти пайдо шудани ду майдон, менависад, ки мардуми Кӯлоб дар даст шиори «Нест бод Ислом»-ро доранд, ду майдонро бо ҳам шӯронда, дар байни аҳолӣ ҷанҷол афканда, сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Яъне ба гардани ӯ хуни садҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи шаҳид меистад. Магар ин хоинӣ нисбати халқу ватан ва наздикони хеш номардӣ нест.

Барои ӯ ягон шахси обрӯманд, ягон идеал, муқаддасот, амалҳои нек, ягон дӯст вуҷуд надорад. Аз замони ҷавонӣ ба роҳи каҷи иблисона даромад ва то ҳол аз ин пайраҳа қадаме берун нарафтааст. Халқи ватанамон бояд дӯсту душмани худро донанд. Дар замони пандемия мо чӣ қадар мушкилиҳоро паси сар намудем. Ин хоин менависад, ки дар шаҳри Прага якчанд хонаю сарват дорад. Магар ин сарватманд ба ягон наздики худ, ба ҳамшаҳриаш дар ин рӯзҳои мушкил дасти ёрӣ дароз намуд? Албатта не. Сокинони кишвар, алалхусус насли наврас бояд кӣ будани чунин палидонро донанд, ба тӯҳмату иғвоҳои онҳо ҷавоби сазовор дода, ба ҷояшон шинонда монанд.

Аз ин сабаб мо аъзоёни кафедра ба сокинони кишварамон муроҷиат менамоем, ки

– душманони 30 сол пешинаи миллат, давлат, халқ то ҳол вуҷуд доранд;

– онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки ноором сохтани фазои осуда аз ягон воситаю амалҳои зишт рӯй намегардонанд;

– барои онҳо марги сокини бегуноҳи кишвар хоҳ аз амали террористӣ ва хоҳ аз КОВИД-19 ҳодисаи хурсандибахш аст;

– мо сокинони Тоҷикистон бояд якдилона дӯсту душманро фарқ кунем, душманон ва пуштибонҳои онҳоро маҳкум намоем;

– ҳушёрии сиёсӣ ва шаҳрвандиро нигоҳ дорем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *