САФЕДРО АЗ СИЁҲ, БАДРО АЗ НЕК, ДӮСТИРО АЗ ДУШМАНӢ БОЯД ФАРҚ КАРД!

Доир ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, ёдовар шуда, изҳори андеша медорем, ки мо бояд ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ, барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо тариқи шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Баъзе ҷавонони роҳгумзада, ки берун аз кишвар қарор доранд, ба ваъдаҳои дурӯғи террористу ифротгароён ва гурӯҳҳои муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ бовар намуда, ба доми он меафтанд. Оқибат онҳо зиндагии осудаву бароҳати худро халалдор менамоянд ва он вақт пушаймонӣ суде надорад. Дар робита ба ин мо яке аз мамклакати абарқудрати ҷомеаи имрӯза Федерассияи Русия мисол меоварем, ки мутаассифона, ҷавонони роҳгумгадаи шаҳрвандони кишвари мо даст ба ҷиноят задаанд. Чунончӣ, тибқи расонаҳои хабарӣ дар моҳи июли соли равон дар яке аз шаҳрҳои Русия ду нафар шаҳрвандони кишвари мо бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, барои содир намудани амалҳои террерорисӣ омодагӣ дида буданд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ин кишвар саривақт пешгирӣ ва дастгир карда шуданд. Баробари ин як нафар аъзои ДИИШ безарар гардонида, аз дигаре афрод якчанд яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда мусодира карда шуданд. Ё мисоли дигар,санаи 30 ноябри соли равон тибқи қарори Суди вилояти Москави Федерастсияи Русия 8 нафар шаҳрвандони барои содир намудани амалҳои ғоратгарӣ нисбати соҳибкор ва аз истифодаи яроқи оташфишонӣ ба мӯҳлати аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Бояд қайд кард, аз ҷониби ин гурӯҳи муташаккил 17 нафар шаҳрвандони Русия зарари модиву молиявӣ диданки маблағи умумии он бо асъори ФР 11,5 миллион рублро ташкил медиҳад. Аз ин амалу рақамҳои оморӣ бояд хулосабарорӣ намуд! Ҷавонон ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротгароёну гурӯҳҳои муташаккил набояд фирефта шаванд! Хулоса, сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек, дӯстиро аз душманӣ бояд фарқ кард!

Р. МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *