Раҳматова Саодат Анваровна – н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. 15 сентябри соли 1965 дар ш.Хуҷанд таваллуд шудааст.
Соли 1972 ба мактаби миёнаи рақами 21 дохил шуда, онро соли 1982 хатм кардааст.
Соли 1982 ба донишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд дохил шуда соли 1987 донишгоҳи номбурдаро бомуваффақият хатм карда, ҳамон замон то соли 1995 ба мактаби таҳсилоти умумии №23 ба ҳайси муаллимаи забони русӣ фаъолият бурдааст.
Аз соли 1995 то 2001 дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров ба вазифаи котиби техникии шурои диссертатсионӣ кор кардааст. Соли 2001 ассистенти кафедра, сармуаллимаи забонҳои ДИС ДДТТ ва соли 2004 н.и.ф фаъолият бурдааст.
4 июли соли 2004 ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Хусусиятҳои сохтор ва мазмуни феълҳои тафаккурӣ” дар Донишгоҳи Славянии Русия –Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 10.02.20 – Сравнительно-историческое, типологическое и сопоставительное языкознание ҳимоя кардааст.
Аз апрели соли 2007 то сентябри 2015 мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кор карда аз соли 2011 ба вазифаи дотсенти КАО Русия мебошад.
Муаллифи 31 мақолаҳои илмӣ ва тартибдиҳандаи 7 номгӯи китобҳои дарсӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ аст.
Сазовори ифтихорномаҳои раёсати ДДТТ дар ш.Душанбе ва Хуҷанд, ҲХДТ гардидааст.
Рисолаи номзадӣ:
1.Феълҳои тафаккурии забонҳои русӣ ва тоҷикӣ. – Хуҷанд, 2004, 130 с.
2.Учебно-методический комплекс по русскому языку (для экономических специальностей). Худжанд, 2009, 337 с.
3. Комплекс лекций и упражнений по культуре речи (для студентов заочного отделения). Худжанд, 2012, 139 с.
4. Шедевры русской литературы в кратком изложении. Худжанд, 2014, 600 с.
5. Тесты по русскому языку с ответами. Худжанд, 2015, 230 с.
6. Учебно-методический комплекс по профессиональному русскому языку. Худжанд, 2017, 127 с.
Мақолаҳои илмӣ:
1. Семантическая классификация композиционных элементов структуры глаголов мышления таджикского и русского языков. Маҷмӯаи мақолаҳои ДИС ДДТТ, 2007, с.307-311.
2. Взаимодействие грамматического и лексического элементов в структуре глаголов мышления таджикского и русского языков. Маҷмӯаи мақолаҳои ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, 2010, с.65-68.
3. Ядерное значение глагола “представлять” в таджикском и русском языках. Маҷмӯаи мақолаҳои ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, 2014, с.57-62.
4. Особенности семантики глаголов мышления русского и таджикского языков в лингвистическом аспекте. Маҷмӯаи мақолаҳои ДИС ДДТТ, 2016, с.11-13.