ҲИФЗИ ҶОМЕАИ ОЗОДУ МУСТАҚИЛ МАРОМИ МОСТ!

Вақтҳои охир ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, бахусус Муҳаммадиқболи Садириддин, Шавкати Муҳаммад, Илҳом Ёқубов ва дигар ҳаракатҳои ифротӣ тариқи онлайн оид ба масоили вазъи Афғонистон ва гирдиҳамоии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ баромадҳо намуда, онро нодуруст маънидод менамоянд. Бо ин бозиву найрангии навбатиашон барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кӯшиш доранд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Ин ҳолат аз он далолат мекунад, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Воқеан ТТЭ ҲНИ аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пӯшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гӯё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад. Дар асл ин ҳизб на камтар аз дигар гурӯҳҳои террористӣ барои Тоҷикистон ва кулли минтақа хатар дорад. Ҷавонони кишварро лозим аст, ки ба воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо диҳанд, ба амалҳои номатлуб даст назананд. Дар шароити имрӯза вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст аз он иборат аст, ки барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем ва худро аз чунин ҷараёнҳои номатлуб дур гирем.
Мо баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТЭТ ҲНИ ва умуман бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои ҳаммаслакону думравонашон муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми мукаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

Д. ҶОННАЗАРОВА
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *