Таърихи начандон тӯлонии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки мо замони душвортарини солҳои 90-ум, барҳамдиҳии сатҳи камбизоатиро аз сар гузаронида, ба марҳилаи амаликунонии мақсадҳои стратегии кишварамон ба сӯи рушди устувор расидаем. Ҳамаи ин ба шарофоти сиёсати хирадмандонаи ҳукумати кишварамон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президент ҶТ Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Мо бояд шукри онро кунем, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон устувор аст, осмони софи кишварамон бо фазои сулҳ, оромӣ фаро гирифта шудааст, мо ба ояндаи кишварамон боварии комил дорем.
Лекин баъзе ашхосон ба монанди роҳбарони ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24 пешравии кишварамон, фазои софу беғубори моро чашми дидан надоранд. Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати мо бо кинаю адоват, боғаразона баҳо медиҳанд. Сафарҳои хидматии сарвари кишварамонро нодуруст баҳо медиҳанд. Ин сафарҳо ҷиҳати сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, додугирифти таҷриба саҳмгузор буда, барои боз ҳам дар арсаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву молиявӣ ба пешрафт муваффақ шудани кишвар имкони воқеӣ фароҳам меоваранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар зарфи 27 соли роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди он гардидаанд, ки ин сафарҳо робитаю муносибатҳоро ба кишварҳои дуру наздик таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, бо шарофати ҳамин сафарҳост, ки сармоягузории бемайлон ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ сол ба сол афзуда, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар дар ҳоли ташаккул қарор дорад.
Мо шоҳиди онем, ки бар арсаи ҳар як ташрифи Пешвои миллат ба вилояти мо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, мактабҳо, боғчаҳо, иншоотҳо, инфрасохтори мавзеъҳои сайёҳӣ, корхонаҳои истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, иншоотҳои маданӣ ва ғайра ба истифода дода мешаванд. Аз ин ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омада, некӯаҳволии мардум баландтар мегардад. Аммо душманони халқу давлат ин пешравиҳоро намебинанд, ё бинанд ҳам ба он нодуруст баҳо медиҳанд, дар байни мардум ҳисси нобоварӣ, кинаю адоват паҳн мекунанд.
Ҳоло халқи кишварамон дар масъалаи тадбиқи ҳадафи чоруми саноатикунонии босуръати кишвар имконияти худро сафарбар намуда, ба муваффақиятҳо ноил шуда истодаанд. Зеро, ки дар ҷаҳони имрӯза саноат асоси истеҳсолоти ҳар кишварро ташкил карда, ба сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав мусоидат намояд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафи муҳим ва муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои истифоданашудаи кишвар дар сафарҳои кории Пешвои миллат шароити мусоид ба миён меояд. Дар сафарҳои хориҷӣ дар баробари мулоқот бо сиёсатмадорони ин кишварҳо, инчунин Президенти кишвар бо доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ мулоқотҳои судманд анҷом дода, имкониятҳои кишварро муарифӣ менамоянд. Зимни муарифӣ таваҷҷӯҳи бевосита ба самтҳои саноатикунони кишвар, сармоягузорӣ ба ин бахш, имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Натиҷаи ҳар сафар бастани шартномаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Сафари навбатии Президенти кишвар ба давлатҳои Аврупо имкон медиҳад, ки ҳамкории кишварамон бо кишварҳои Арупо инкишоф ёбад. Зеро, ки аз ҷиҳати иқтисодиву сиёсӣ онҳо гуруҳи давлатҳои пешқадам ба ҳисоб мераванд.
Аммо аз ин сафар роҳбарони ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ки ҳамеша мақсадашон зидди пешрафти давлату миллат нигаронида шудааст, ба амалӣ намудани ҳадафҳояшон кӯшиш намуданд. Онҳо дар Аврупо ҳуқуқи башару озодиҳои инсонро ба шиор табдил дода, хостаанд дар Фаронса беобурӯии хешро “даъвогар” ва “озодихоҳ” нишон диҳанд. Вале воқеият на ба он тарзе, ки онҳо мехостанд сурат гирифт. Онҳо бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Лекин бо берӯии тамом худро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ бо бечорагӣ, мазлум нишон додаанд. Онҳо дар Фаронса даст ба ифроткорӣ заданд ва хостанд бо муҳофизони Президент даргир шаванд, вале полиси Фаронса дар ҳол амали онҳоро, ки мухолифи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ буд, пешгирӣ намуданд ва онҳоро боздошт карданд.
Аз ин сабаб мо бояд аз ин гуна ашхосони ватанфурӯши ифротгар дурӣ ҷӯем. Ба хабарҳои бардурӯғи онҳо дар бораи таназзули иқтисодиёти кишварамон бовар накунем. Ба сафарҳои хидматии роҳбари кишвар ва дигар ходимони давлат баҳои дуруст диҳем. Дар корҳои ободонӣ ва созандагии кишварамон бетараф набошем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободонӣ ва созандагӣ тарбия кунем. Ба касбу ҳунаромӯзии ҷавонон мусоидат намоем, зеро ин шарти муҳимтарини некӯаҳволии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҷабборов Усмонхӯҷа,
дотсенти кафедраи МО ва ТИ